Ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТВ)

18 феврали соли 2022 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба баррасии лоиҳаи нақшаи амал оид ба амалисозии тавсияи 8-уми Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) роҷеъ ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи андоз ва Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Аз натиљаи ҷаласаи мазкур ва бо дар назар доштани таклифу пешниҳоди аъзои гурӯҳи корӣ пешниҳод карда шуд, ки оид ба лоиҳаи нақшаи зикргардида мавқеи расмии вазорату идораҳо ба Вазорати адлия пешниҳод карда шавад.