Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар доираи Лоиҳаи «Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор» ташрифи коршиноси байналмилалӣ ҷаноби Осауленко Александр ба Агентии омор баргузор гардид

17.05.2018

Тибқи созишномаи ба имзо расидаи шарики дуҷонибаи байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати муштарак (консортсиум) бо сарварии ДевСтат, аз 7 то 11 майи соли 2018 ташрифи коршиноси байналмилалӣ  Александр Осауленко бо мақсади таъсиси маркази таълимӣ дар Коллеҷи кӯҳӣ сурат гирифт.

Ҳадафи асосии ташрифи мазкур аз шиносоӣ бо сохтори Коллеҷи кӯҳӣ ва заминаи моддию техникии он  аз нигоҳи мутобиқати он барои таъсиси маркази таълимӣ ҷиҳати омода намудани оморчиёни соҳаи саноат; омода намудани лоиҳаи «Низомнома дар бораи маркази таълимӣ, аз ҷумла, таъсис, сохтори идоракунӣ ва самти фаъолият»; расонидани  кумаки мушовирӣ барои омодани намудани мундариҷаи нақша ва барномаи таълимӣ иборат буд.
 
Ҳамчунин омузиши масъалаи истифодаи самараноки техникаи компютерӣ, ки дар доираи доираи Лоиҳа ба Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, тавсия барои фаъолияти минбаъдаи онҳо буд. Илова ба ин, коршинос арзёбии курси омор дар Донишгоҳи милли амалӣ намуда, ба ташкили курсҳои кутоҳмуддати баланд бардоштани малакаи кормандони дастгоҳи марказӣ ва мақомоти омори маҳаллӣ дар Донишгоҳи миллӣ (кафедраи омор) ва маркази таълимии Агентии омор тавсияхо пешниҳод менамуд. 
 
Коршинос дар маҳалҳо бо роҳбарони муассисаҳои зикршуда дар масъалаи таъсиси Маркази таълимӣ дар назди Коллеҷи куҳии Донишгоҳи куҳӣ-металлургӣ оид ба тайёр намудани оморчиён барои  корхонаҳои саноатии Вазорати саноат ва технологияҳои нав вохуриҳо баргузор намуд. Ҳамчунин вохурӣ бо муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави вобаста ба талабот ба кадрҳое, ки омори корхонаҳоро медонанд, доир гардид.
 
Мавриди зикр аст, ки дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат компютерҳои ҷудонамудаи Лоиҳа самаранок истифода гардида, айни замон талабот барои муҷаҳҳазонидан бо барномаҳои омории ҷаҳонӣ, ки мавриди истифода васеъ қарор мегиранд, вуҷуд дорад. Илова ба ин, омузонидани донишҷуён аз методологияи муосири оморӣ аз манфиат холӣ нест. Барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда бо Академияи миллии омор, баҳисобгирӣ ва аудити Украина муколамаи судманд доир гардид.
 
Дар рафти вохурӣ ва шиносоӣ бо барномаҳои таълимии Донишкадаи такмили ихтисоси омузгорон ва барномаи таълимии кафедраи омори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон коршинос ҷиҳати такмили сохтори барномаи таълимӣ фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуд.
 
Ёдовар мешавем, ки коршинос Александ Осауленко ҳамзамон Ректори Академияи миллии омор, баҳисобгирӣ ва аудити Украина, буда барои ҳамкориҳои минбаъда аз Донишгоҳи милли Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Илова кунед: