Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯриву суҳбат вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16.02.2022

17 феврали соли 2022 аз тарафи роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини саркотиби илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Неъматзода А.Р. вохӯриву суҳбат бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Вазорати адлия ва сохторҳои он вобаста ба паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳамасола паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва вазифагузорӣ барои соли минбаъда ироа мегардад.

        

Мардуми шарифи Тоҷикистон аз хурд то бузург, ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо паёми Пешвои миллатро ҳамасола бесаброна интизор буда, баъд аз ироаи он нақшаҳои кории худро дар самти рушди устувори мамлакат муайян менамоянд.

Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ, ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи мақомоти давлатиро тақозо менамояд.

Илова кунед: