Мулоқот бо намояндагони Комиссияи Венетсияи Шӯрои Аврупо

10 майи соли 2022 вохӯрии муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Асадулло Қурбон бо намояндагони Комиссияи Венетсияи Шӯрои Аврупо Сергей Дикман - роҳбари бахши ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия ва роҳбари бахши инноватсия ва рушди Шӯрои Аврупо, Кристина Хохлова - ҳамоҳангсози барнома, роҳбари лоиҳаи HELP дар Осиёи Марказӣ ва Олга Фройштетер - ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур шиносоӣ ва муҳокимаи самтҳои ҳамкории мутақобила, баррасии Барномаи волоияти қонун дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2020 – 2023 ва Барномаи HELP - и Шӯрои Аврупо буд.
Дар рафти мулоқот муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба маълумот дода, иброз дошт, ки амалинамоии лоиҳаи болозикр иқдоми хуб буда, барои рушди минбаъдаи самтҳои алоҳидаи волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат мусоидат менамояд.
Намояндагони Комиссияи Венетсияи Шӯрои Аврупо ибрози баён намуданд, ки Вазорати адлия дар амалинамоии барномаҳои мазкур саҳми арзанда дошта, Комиссия омода аст ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманди мутақобила ҳамкориро ба роҳ монад.
Вохӯрии мазкур дар фазои дӯстона баргузор гардид.