Мулоқот бо намояндагони Созмони байналмилалии меҳнат

19 майи соли 2022 вохӯрии муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода бо намояндагони Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) Торстен Шакел - сардори шуъбаи ҳифзи мехнат, Раёсати байналмилалии меҳнати СБМ дар шаҳри Женева, Фаджерман Миранда - мутахассиси СБМ дар шаҳри Москва, Лю Шю Фан - мутахассиси СБМ дар шаҳри Женева ва намояндаи СБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Аминов баргузор гардид.
Дар рафти вохӯри муҳокимаи самтҳои ҳамкории мутақобила, Конвенсия дар бораи тафтиши ҳифзи меҳнат, №81, инчунин якчанд масъалаҳо вобаста ба мораторияи фаъолияти субъектони истеҳсолӣ баррасӣ гардиданд.
Вохӯрии мазкур дар фазои дӯстона баргузор гардид.