Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқот бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.11.2022

         29 ноябри соли 2022 мулоқоти вазири адлия Музаффар Ашуриён бо Сафири Иттиҳоди Аврупо -роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Раймундас Кароблис баргузор гардид.

         Мақсад аз мулоқоти мазкур ин баррасии масъалаҳо марбут ба баргузории ҷаласаи 13-уми Муколамаи ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдори Иттиҳоди Аврупо (GSP+) буд.

         Дар рафти мулоқот вазири адлия оид ба омодагии ҷумҳурӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳо мазкур дар вохуриҳои дар пеш истода маълумот дода, омодагии вазоратро роҷеъ ба рушди ҳамкориҳои судманди дуҷониба ибрози баён кард.

         Сафири Иттиҳоди Аврупо дар навбати худ ба омодагии Тоҷикистон баҳои баланд дода, вохӯрии мазкурро як нуқтае ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда номид.

         Вохӯрии мазкур дар фазои дӯстона баргузор гардида, дар раванди ҳамкорӣ дар оянда такони ҷиддӣ мебахшад.

      

Илова кунед: