Мулоқот бо роҳбари Намояндагии Барномаи рушди СММ
11 марти соли 2022 мулоқоти Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад бо роҳбари Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҷаноби Ленни Монтиел баргузор гардид.
Зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои муштарак табодули афкор сурат гирифт.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва мутақобилан судманд гузашта, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба чораву тадбирҳои мушаххас андешанд.