Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва директори кишварии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ

09.03.2022

9 марти соли 2022 мулоқоти Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Андреас Протман ва директори кишварии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон, хонум Сабина Олтхоф баргузор гардид.

Дар доираи ин вохӯрӣ табодули афкор оид ба раванди ислоҳот марбут ба Кодекси мурофиавии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ҳамчунин масъалаи бастани созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати адлия ва GIZ-ро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.

Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, ҷонибҳо майлу хоҳиши хешро ҷиҳати боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуданд.

Илова кунед: