Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо вазири адлияи Федератсияи Россия Чуйченко Константин Анатолевич

01.07.2022

30 июни соли 2022 мулоқоти вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо вазири адлияи Федератсияи Россия Чуйченко Константин Анатолевич баргузор гардид.

Зимни мулоқот рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байниҳамдигарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардан ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кадрҳои мақомот ва муассисаҳои адлия, мусоидат ба рушди ёрии ҳуқуқӣ ва хизматрасонии ҳуқуқӣ бо мақсади амалинамоии ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи адлия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин барои ҷоннокгардонии муносибати минбаъда аз ҷониби вазири адлия пешниҳод карда шуд, ки созишномаи ҳамкорӣ дар таҳрири нав таҳия ва ба баррасии тарафҳо ирсол карда шавад.

Дар маҷмӯъ мулоқот дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи афкори мутақобила гузаронида шуд.

Илова кунед: