Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конгресси 8-уми ҷаҳонӣ алайҳи ҳукми қатл

15.11.2022

Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии вазири адлия Музаффар Ашуриён ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар кори Конгресси ҳаштуми умумиҷаҳонии мубориза бо ҳукми қатл, ки аз 15 то 18 соли 2022 дар шахри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Германия баргузор шуда истодааст, сафарбар шуданд.

Конгресси умумиҷаҳонии зидди ҳукми қатл бузургтарин платформаи муборизабарандагон мебошад, ки беш аз ҳазор иштирокчӣ, аз 130 миллатро аз 90 кишвари ҷаҳон муттаҳид мекунад.

Масъулини сиёсиву давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ, фаъолон, ҷавонони тамоми ҷаҳон барои баррасии масъалаи лағви ҳукми қатл, ки то ҳол дар тамоми панҷ қитъа олам татбиқ мешавад, ҷамъ меоянд.

Вазири адлия, Музаффар Ашуриён дар маросими ифтитоҳи Конгресс суханронӣ намуда, аз дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти гуманизатсияи қонунгузории ҷиноӣ пас аз эълони мораторий дар бораи ҳукми қатл аз ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2004, ба таври муфассал маълумот дод. Мораторий, ки аз лаҳзаи эълон шуданаш эътибор пайдо кардааст, бо ҳеҷ як муҳлат маҳдуд намешавад ва барои муҳлати номуайян амал мекунад.

Махсусан зикр гардид, ки Тоҷикистон дар қатори 123 давлати ҷаҳон аз қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли 2020 «Мораторий ба истифодаи ҳукми қатл» ҷонибдорӣ кард.

Дар фарҷоми суханронии худ, вазири адлия, Музаффар Ашуриён, ҳозиринро аз нияти кишвар барои таҳияи механизми ҳалли масъалаҳои марбут ба лағви ҳукми қатл бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони байналмилалӣ итминон дод.

Дар ҳошияи Конгресс, вазири адлия, Музаффар Ашуриён бо вазири федералии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федералии Германия, хонум Анналена Бербок мулоқоти кутоҳ анҷом дод. Зимни он хонум Анналена Бербок барои иштирок дар чорабинӣ ба ҳайати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки дар оянда муносибатҳои дуҷониба вусъат хоҳанд ёфт. 

Илова кунед: