Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Таҳлили иҷроиши Консепсия дар солҳои 2016, 2017, 2018 ва 2019

29.06.2019


Та
ҳлили
иҷроиши Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии
ройгон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар сол
ҳои 2016, 2017, 2018 ва то 20.05.2019 сол

Шарҳи мухтасари иҷрои Консепсия

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи 2015 сол, таҳти №327 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ шудааст. Мақсади асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ин таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Банди 7 Барнома ва банди 5 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи мазкур таҳия ва қабули Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ ва манзури пешниҳодҳо вобаста ба такмили қонунгузории ёрии ҳуқуқиро пешбинӣ намуда буданд.

Бо дастрасии Барномаи дар болозикргардида бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли 2015 сол, таҳти №425 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Консепсия) қабул гардидааст.

Барои татбиқи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015, таҳти №704 Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияиҶумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Муассиса), ки аз ҷониби шарикони рушд: Филиали Ассотсиатсияи «Хелветас Свисс Интеркооперейшен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ карда мешавад, таъсис дода шуд.

Вазифаҳои Муассиса барои ноил гаштан ба мақсадҳои зерин равона шудаанд:

- таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ барои аҳолӣ;

- расонидани ёрии ҳуқуқии ихтисоснок ба аҳолӣ;

- ҳалли масъалаҳо то муроҷиат ба суд; 

- маҳви бесаводии ҳуқуқии шаҳрвандон.

Бо мақсади таъмин кардани дастгоҳи марказии Муассиса ва бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ бо кадрҳо, дар солҳои 2016, 2017, 2018 ва то 20.05.2019 сол барои ишғол намудани мансабҳои холӣ озмунҳо гузаронида шуд. Ҳамин тавр 11 корманди касбӣ барои дастгоҳи марказии Муассиса ва 33 ҳуқуқшинос ба бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ба кор қабул карда шуданд. 

Вобаста ба муаррифӣ кардани ҳуқуқшиносони бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ Муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳии Директор ва кормандони Муассиса, инчунин намояндаҳои шарикони рушд ба шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ сафар намуданд.

Барои ташкил кардани шароитҳои корӣ барои ҳуқуқшиносони бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ ба ҳуқуқшиносон барои харидорӣ намудани мебел маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шудаанд.

Бо мақсади амалӣ гардонидани фаъолияте, ки ба ташаккули низоми ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа бо роҳи таҷрибакунонии моделҳои дар Консепсия пешбинӣ шуда, барои интихоби шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ маҳакҳои умумӣ истифода шудаанд, ки ба шумораи аҳолӣ, ҳудуди шаҳру ноҳия ва зичии аҳолӣ тааллуқ доранд. Ғайр аз ин, имкониятҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди бино ба бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ ба назар гирифта шудаанд. Бо истифода аз маҳакҳои мазкур дар солҳои 2016, 2017, 2018 ва то 20.05.2019 сол – 24 шаҳру ноҳияҳои зерин интихоб карда шудаанд: шаҳрҳои Хоруғ, Ваҳдат, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент Турсунзода ва ноҳияҳои Ҷайҳун, Деваштич, Нуробод, Ҷ.Расулов, Дустӣ, Б.Ғафуров, Ёвон, Спитамен, Тоҷикобод, Рашт, Ховалинг, Муъминобод, Қабодиён, Восеъ, Ҷ.Балхӣ Шаҳринав ва Ашт таҷриба шуда истодаанд..

Модели №1.1. дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ҷайҳун, Деваштич, Нуробод, Ҷ.Расулов, Дустӣ;

Модели №1.2. дар шаҳрҳои Ваҳдат, Исфара, Истаравшан, Турсунзода ва ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ёвон, Спитамен, Тоҷикобод, Рашт, Ховалинг, Муъминобод, Қабодиён;

Модели №2 дар шаҳрҳои Конибодом, Панҷакент ва ноҳияҳои Восеъ, Ҷ.Балхӣ Шаҳринав, Ашт таҷриба шуда истодаанд.

Дастгоҳи марказии Муассиса мунтазам фаъолияти бюроҳои давлатии ҳуқуқиро назорат, ҳамоҳанг ва таҳлил менамояд. Дар давраи таҷрибакунӣ Муассиса ва шарикони рушд комёбиҳои муайянро ноил гаштанд, дар навбати аввал бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ ташкил карда шудаанд, ки пурра фаъолият менамоянд ва ба муроҷиаткунандагон ёрии ройгон пешниҳод мекунанд. Бештар хонед...

Илова кунед: