Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Шурои вазирони адлияи ИДМ

17.09.2018


Чихати ичрои банди 7 Наќша-чорабинињо оид ба татбиќи Консепсияи раисии Љумњурии Тољикистон дар Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар соли 2018 санаи 18 сентябри соли љорї дар шањри Душанбе љаласаи сенздањуми Шўрои вазирони адлияи давлатњо-иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид.

Инчунин, дар њошияи чорабинии мазкур, 17 сентябри соли 2018 љаласаи коршиносон оид ба омода сохтани маводњои љаласаи Шўрои вазирони адлияи давлатњо-иштирокчиёни ИДМ ва љаласаи сеюми Гурўњи корї оид ба тањияи пешнињодот љињати такмилдињии афзори татбиќи конвенсияњои Минск ва Кишинев дар бораи ёрии њуќуќї ва муносибатњои њуќуќї оид ба парвандањои гражданї, оилавї ва љиноятї (љаласаи якуми Гурўњи кории мазкур 16 майи соли 2016 дар шањри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва љаласаи дуюм 10 октябри соли 2017 дар шањри Еревани Љумњурии Арманистон баргузор гашта буд) ташкил карда шуд.

Шўрои вазирони адлияи давлатњо-иштирокчиёни Иттињоди Давлатњои Мустаќил бо Карори Шўрои сарони давлатњои ИДМ «Дар бораи Шўрои вазирони адлияи давлатњо-иштирокчиёни ИДМ» аз 26 августи соли 2005 таъсис дода шудааст. Ќарор дар бораи таъсиси Шўро аз љониби панљ давлат - Љумњурии Армения, Љумњурии Белорус, Љумњурии Ќирѓизистон, Федератсияи Россия ва Љумњурии Тољикистон ба тасвиб расидааст.

Ваколатњои асосии Шўро чунинанд:

- тањия ва таъмини татбиќи ќарорњои Шўрои сарони давлатњо ва Шўрои сарони њукуматњои Иттињоди Давлатњои Мустаќил оид ба масъалањои ба салоњияти вазоратњои адлия марбутбуда;

- њамоњангсозї ва таъмини њамкории вазоратњои адлияи давлатњо-иштирокчиёни Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар соҳаи ташаккул ва татбиќи сиёсати њамоњангшудаи давлатњо-иштирокчиёни ИДМ оид ба масъалањои ба салоњияти вазоратњои адлия марбутбуда;

- мусоидат дар гармонизатсияи (ба њам низдиккунии) ќонунгузории давлатњо-иштирокчиёни ИДМ.

Љаласаи навбатии Шўрои вазирони адлияи давлатњо-иштирокчиёни ИДМ тањти раёсати Раиси Шўрои вазирони давлатњо-иштирокчиёни ИДМ - Вазири адлияи Љумњурии Тољикистон гузаронида шуда, дар он вазирони адлияи Љумњурии Армения, Љумњурии Белорус, Љумњурии Ќирѓизистон ва Федератсияи Россия ширкат варзиданд. Инчунин, ба њайси намоянда дар Шўро, вазирони адлияи Љумњурии Казоќистон ва Љумњурии Узбекистон иштирок намуданд.

Тибќи Рўзномаи маљлис дар љаласаи Шўрои вазирони адлия масъалањои мубодилаи таљрибаи истифодаи технологияњои иттилоотї-коммуникатсионї дар самти расонидани хизматрасонии њуќуќї, танзими ќонунгузории назорати љамъиятии фаъолияти маќомоти иљрои љазои љиноятї дар давлатњои ИДМ, фаъолият дар самти баландбардории фарњанг ва тафаккури њуќуќї ва дигар масъалањои мубрами њуќуќї мавриди баррасї ќарор дода шуда, муболилаи афкор ва таљриба сурат гирифт.

Аз лањзаи таъсиси Шўро дувоздањ љаласа ташкил ва гузаронида шудааст (12 апрели соли 2006 дар ш. Москва, 12 октябри 2007 дар ш. Ереван, 28 майи соли 2008 дар ш. Минск, 23 октябри соли 2009 дар ш. Чолпон-Ата, 3 ноябри соли 2010 дар ш. Ќазон, 23 сентябри соли 2011 дар ш. Душанбе, 21 сентябри соли 2012 дар ш. Несвеже, 11 октябри соли 2013 дар ш. Ереван, 19 июни соли 2014 дар ш. Санкт-Петербург, 29 сентябри соли 2015 дар ш. Бишкек, 17 майи соли 2016 дар Санкт-Петербург, 11 октябри соли 2017 дар ш. Ереван).

Илова кунед: