Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Семинар-машварат

21.12.2019


20 июни соли 2019 дар бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинар-машварат оид ба тартиби таҳия, қабул ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баргузор гардид.

Дар веминар - машварат роҳбарият ва кормандони Вазорати адлия, намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони Дастгоҳ ва хадамотҳои ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ иштирок доштанд ва вобаста ба мавзуи семинар баромад намуданд.

Мақсад аз баргузории семинар-машварат мазкур ин пешниҳод намудани кумаки амалӣ ба мақомотҳои мазкур ҷиҳати таҳия ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштае, ки тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст ва ба ин васила ҷоннок ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии аз ҷониби мақомоти зикршуда.

Илова кунед: