Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи корӣ ҷиҳати муҳокимаи самтҳои ҳамкориҳо оид ба таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон бо раисони шаҳру ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ

16.08.2022

16 августи соли 2022 таҳти раёсати вазири адлия Музаффар Ашуриён ҷаласаи корӣ ҷиҳати муҳокимаи самтҳои ҳамкориҳо оид ба таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон ва муаррифии ҳуқуқшиносони муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Мақсад аз баргузор намудани ҷаласаи кории мазкур ин таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳуқуқшиносони муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон мебошад.

Бояд гуфт, ки расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Аз соли 2016 инҷониб Вазорати адлия якҷо бо шарикони рушд - Барномаи рушди Созмони Миллали Мутаҳид ва филиали Асотсиатсияи “Хелветас Свисс Интеркооперейшен” дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеаро амалӣ карда истодааст.

Илова кунед: