Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми cоли 2022

15.07.2022

Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022, ки 28 июни соли 2022 аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотии матбуотӣ сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ғанизода Шуҳрат иштирок кард.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешбурди сиёсати ҳуқуқӣ фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2022 дар партави сиёсат, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, тамоми чораҳоро баҳри таҳияи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯй ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон андешид.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 26 191 (нимсолаи якуми соли 2021 – 27 887) мавод вобаста ба масъалањои ҳуқуқӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021  1 696 мавод кам аст.

  Яке аз самти асосии фаъолияти вазорат ин иштирок дар таъмини фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт ба вазорат 537 (нимсолаи якуми соли 2021 – 533) лоиҳаҳо барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ворид шуданд.

Баҳри баланд бардоштани савияи донишҳои соҳавии ҳуқуқшиносони вазорату идораҳои давлатӣ дар асоси модули таълимӣ дар мавзуи «Тартиби банақшагирӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» моҳҳои апрел, май ва июн бо ҷалби шунавандагон семинарҳои дурӯзаи омӯзишӣ гузаронида шуданд.

Дар самти муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ            ба 299 (нимсолаи якуми соли 2021 – 622) лоиҳаи шартномаи байналмилалӣ хулоса пешниҳод карда шуд.

Аз 29 июн то 1 июли соли 2022 ҷаласаи 16-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид. Шӯрои вазирони адлия қарор кард, ки ҷаласаи 17-уми он соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар самти санҷиш, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар давраи ҳисоботӣ 525 (нимсолаи якуми соли 2021 - 409) санади ҳуқуқӣ барои баҳисобгирии давлатӣ ва 123 (нимсолаи якуми соли 2021-112) барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ ворид гардиданд.  

Аз ин шумора 69 санад ба қайд гирифта шуда, бақайдгирии 39 санад бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштан рад карда шуд.  

Дар давраи ҳисоботӣ вазорат экспертизаи зиддикорупсионии 123 санади меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро гузаронида, дар 25 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шуд.

Дар самти  ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон тавассути хатти телефони ройгони 30-40-и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 107 (нимсолаи якуми соли 2021- 232) шаҳрванд оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд.

Ҳамзамон ҳуқуқшиносони давлатӣ ба 4 ҳазору 729 шаҳрванд (нимсолаи якуми соли 2021 - 5 094) машварати ҳуқуқӣ пешкаш намуданд. Аз ин шумора 1580 (40%) мард ва 3149 (60%) занро ташкил дод, ки аз шумораи умумӣ 173 нафар шахсони маъюб мебошанд.

Аз тарафи кормандони Вазорати адлия ва сохторҳои зертобеи он дар нимсолаи якуми соли 2022  6 ҳазору 329 кори тарғибу ташвиқ гузаронида шуд. Аз ҷумла 4 626 вохӯрию  суҳбат, 1 328 баромаду суҳбат тавассути телевизон ва радио гузаронида, 375 мақола дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расид.

8 июни соли 2022 ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҷиҳати вусъат додани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тариқи шабакаҳои телевизион, радио, дигар воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ дар назди аъзои шӯро вазифагузорӣ карда шуд.

Дар самти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ  219 988 (нимсолаи якуми соли 2021 – 215 613)  санад ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 375 – то  ё  2% зиёд мебошад. Дар маҷмуъ баъзе аз сабтҳо зиёд ва баъзеашон дар таносуб бо нимсолаи якуми соли 2021 кам гардида, маълумоти муфассал вобаста ба сабтҳо дар варақаи иттилоотӣ пешбинӣ карда шудаанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 ба низоми электронии САҲШ-2  93 884 бо имзо, 93 687 бе имзо сабти электронӣ ворид карда шуд.     

Дар давраи ҳисоботӣ 341 096  (нимсолаи якуми соли 2021 – 294 188) амалиёти нотариалӣ гузарониданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 908 амалиёти нотариалӣ ё 16% зиёд мебошад.

Дар самти бақайдгирии ташкилотҳои адвокатӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар шаҳри Душанбе 2 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шуда, 3 кабинети адвокатӣ барҳам дода шуд.

Аз соли 2015 то инҷониб дар  ҷумҳурӣ 271 кабинети адвокатӣ, 23 маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ва 18 коллегияи адвокатӣ ташкил гардида, 7 кабинети адвокатӣ  ва 1 маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ барҳам дода шуданд.

Дар самти апостилгузорӣ  ба  ҳуҷҷатҳои  расмии давлатӣ ва бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои таъминшуда дар нимсолаи якуми соли 2022 67 (нимсолаи якуми соли 2021-88) аризаи шахсони воқеӣ ҷиҳати таъйиди 199 (нимсолаи якуми соли 2021-144) ҳуҷҷати расмӣ пешниҳод гардид. 

Дар давраи ҳисоботӣ ба Вазорат 1410 (нимсолаи якуми соли 2021-1 250) ариза барои гузоштани апостил пешниҳод гардид, ки аз онҳо ба 2 394 ҳуҷҷат (нимсолаи якуми соли 2021-2 010) апостил дода шуд.

Дар самти бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар давраи ҳисоботӣ 213 (нимсолаи якуми соли 2021 – 225) ариза дар бораи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардид. Аз ин шумора  56 (нимсолаи якуми соли 2021 – 80) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, 12 (нимсолаи якуми соли 2021 – 16) филиал ва намояндагии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз қайди баҳисобгирӣ гузаштанд.

Вазорат дар ин давра 55 (нимсолаи якуми соли 2021-54) аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бо сабаби мухолифат доштан ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» рад намуд.

Ҳамчунин  55 (нимсолаи якуми соли 2021-53) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 7 (нимсолаи якуми соли 2021 – 6) филиали иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҷараёни бақайдгирии барҳамдиҳии давлатиро гузашта, аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ карда шуданд.

Дар ҳамин давра дар асоси аризаи даъвогии Вазорат тибқи ҳалномаи суд фаъолияти 7 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам дода шуда, 3 аризаи даъвогӣ вобаста ба барҳам додани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар баррасии суд қарор доранд.

Дар самти баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва омодагии касбии мутахассисони Вазорати адлия ва сохторҳои он, инчунин хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 7 курси такмили ихтисос, 2 машғулияти семинари омӯзишӣ, 5 курси сайёр, 101 вохӯрӣ ва 26 баромади телевизионӣ ва радиоӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.

Дар самти санҷиши судӣ ва криминалистӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 барои гузаронидани экспертизаи судӣ-криминалистӣ аз тарафи мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, суд, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 2804 (нимсолаи якуми соли 2021 - 3763) мавод ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 959 мавод кам аст.

Дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа дар 34 шаҳру ноҳия 35 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ ёрдамчиёни ҷамъиятии Муассиса давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ба 2457  шаҳрванд (нимсолаи якуми соли 2021-2898) иттилооти ҳуқуқӣ расониданд ё ба идораю мақомоти дахлдор равона карданд.

Ба маркази ҳамоҳангсозии Муассиса (колл-сентр) 106 занги телефонӣ оид ба дархости адвокат барои иштирок кардан дар парвандаҳои ҷиноятӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора 90 мард, 16 зан ва дар маҷмуъ 5 нафар ноболиғро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи якуми соли 2022  37 парвандаи ҷиноятӣ бо иштироки адвокатҳо ба анҷом расонида шуд. Ҳаққи хизмати адвокатҳо ба маблағи 11 980 сомонӣ пардохт гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Вазорат 4352 (нимсолаи якуми соли 2021-2395) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки ба ҳамаи онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида ҷавобҳои дахлдор дода шуд.

Баҳри иҷрои нишондодҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 апрели соли 2010 ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Вазорат ва сохторҳои он ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра дар рӯзҳои қабул аз ҷониби роҳбарияти Вазорат 161 шаҳрванд қабул карда шуда, вобаста ба чораҳои андешидашуда ҳар моҳ маълумотномаи алоҳида ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Вазорати адлия ва сохторҳои он дар давраи ҳисоботӣ тамоми дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор дода, иҷрои онҳоро дар муҳлатҳои муқарраршуда таъмин намуданд.

 Варақаи иттилоотӣ

Илова кунед: