Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотӣ

17.07.2019


Вара
қаи иттилоотӣ 
дар бораи фаъолияти Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 моҳи соли 2019

Дар шаш моҳи соли 2019 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 17 936 (соли 2018-16 437) мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар шашмоҳаи якум ба 1936 (соли 2018-2003) лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 1540 (соли 2018-1525) ҳуҷҷатҳои хусусиятҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дошта, хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намуд.

Аз 76 (соли 2018-88) санадҳои умумиҳатмӣ барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ ворид гардида, 39 (соли 2018-43) санад ба қайд гирифта шуда, бақайдгирии 29 (соли 2018-42) адади он бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштанашон рад карда шуд ва 8 (соли 2018-3) санади боқимонда мавриди баррасӣ қарор дорад.

Вазорат ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсия, татбиқи Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Миллали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022 ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофот ва норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 31 лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла 6 лоиҳаи Қонуни том), 1 лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар маҷмӯъ 39 лоиҳаҳо) таҳия намуд.

Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 2018, №21/359 ва дар асоси гузориши Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳамоҳангии Вазорати адлия гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои ҳадафи 16 ҳуҷҷати стратегии СМ таҳти унвони «Ҳадафи Рушди Устувор» таъсис дода шуд.

Вобаста ба таъсиси гурӯҳи корӣ Фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2019, таҳти №39 тасдиқ карда шудааст.

Санаи 6 март ва 20-21 июни соли ҷорӣ ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ вобаста ба масъалаи мазкур баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, Суд Олӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат намуданд.

Ҳадафи 16 Рушди Устувор аз 10 ҳадаф ва 23 нишондиҳанда иборат мебошад, ки ба масъалаҳои волоияти қонун, адолати судӣ, мубориза бар зидди коррупсия, кам намудани шаклҳои зуроварӣ дар оила ва нобаробарии гендерӣ, таҳкими адолат нисбати ноболиғон, хариду фурӯши инсон, дастрасии ҷомеа ба иттилоот, инчунин ташкили институтҳои шаффоф ва самаранок бахшида шудаанд.

Инчунин, дар рафти ҷаласаҳои мазкур пешниҳод гардид, ки амалӣ намудани ислоҳоти дахлдор дар мақомоти давлатӣ минбаъд дар асоси Ҳадафҳои Рушди Устувор ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон бо мақсади дар амал татбиқ намудани нишондиҳандаҳои мазкур аз ҷониби гуруҳи корӣ дар якҷоягӣ бо экспертони байналмилалӣ нишондиҳандаҳои миллӣ таҳия гардид.

Дар самти додани мақоми адвокатӣ ва бақайдгирии ташкилотҳои адвокатӣдар давраи ҳисоботи 4 (аз аввал 80) маротиба ҷаласаи Комиссия тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, 47 (аз аввал 1034) аризаи довталабон барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ин шумора 36 (аз аввал 807) нафар довталаб мақоми адвокатиро соҳиб гардида, ба 11 (аз аввал 216) нафар довталаб бинобар насупоридани имтиҳони тестӣ додани мақоми адвокатӣ рад карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ мақоми адвокатии 16 (аз аввал 48) нафар қатъ карда шуд. Аз ин шумора 2 (аз аввал 16) нафар дар асоси сархатӣ 4 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, инчунин фаъолияти адвокатии 14 (аз аввал 32) нафар, дар асоси аризаашон бо қарори комиссия қатъ карда шуд.

Дар маҷмӯъ, айни замон, дар ҷумҳурӣ 205 кабинети адвокатӣ, 23 маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ва 18 коллегияи адвокатӣ ташкил карда шуда, дар онҳо 759 адвокат фаъолият мекунанд.

Дар 6 моҳи аввали соли 2019 кормандони Вазорат ва сохторҳои зертобеи он дар ташкилоту корхона ва муассисаҳо 8 459 корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монданд, аз ҷумла: 6 849 вохӯрию сӯҳбатҳо, дар воситаҳои ахбор, телевизон ва радио 1 343 баромаду сӯҳбатҳо гузарондида, 267 мақолаҳоро дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расониданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Хатти телефони ройгонӣ рақами “3040” (горячая линия) Вазорати адлия - 403 нафар шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд.

Идораҳои нотариалии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 265 709 амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд, ки аз ин фаъолият ба буҷаи давлатӣ 27 776 036, 88 (бисту ҳафт миллиону ҳафсаду ҳафтоду шаш ҳазору сиву шаш ) сомонӣ боҷи давлатӣ ворид гардид.

Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ даршаш моҳи соли равон230 232аснод, аз ҷумла 106 415 сабти таваллуд,25 084 сабти барқарори таваллуд, 16 929 сабти вафот, 622 сабти барқарори вафот, 33 265 сабти ақди никоҳ, 6 065 сабти бекор кардани ақди никоҳ, 18 251 сабти муқаррар намудани падарӣ, 616 сабти фарзандхондӣ, 22 985 сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Вазорати адлия ва сохторҳои зертобеи он 48 шартномаи гарави молу мулки манқул ва 85 ташкилотҳои ҷамъиятиро ба қайди давлатӣ гирифтанд.

Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия дар ин давра 4 курси баландбардории савияи донишҳои ҳуқуқӣ, 4 курси сайёри такмили ихтисос, 9 семинар - машварат, 138 вохурӣ ва баромадҳо гузаронид.

Ба Маркази ҷумҳуриявии санҷишҳои судӣ ва криминалистӣ дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 2 995 мавод ворид шуд.

Дар давраи ҳисоботи ҳуқуқшиносони бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ, ки моделҳои №1.1, №1.2, ва №2 , ки Консепсияи ёрии ҳуқуқии ройгонро таҷриба мекунанд ба 4645 шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешкаш намудаанд. Аз инҳо 2776 зан, 1869 мард, 165 маъюбонро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъдар 25 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ 31 Бюро таъсис гардидааст, ки дар онҳо 33 ҳуқуқшинос фаъолиятдоранд.

Дар давраи ҳисоботи ба “Колл-Сентр”-и Муассиса - 870 занги телефонӣ оид ба дархостиадвокат барои иштирок кардан дар парвандаҳои ҷинояти ба қайд гирифта шудааст.

Ба Шӯъбаи апостилгузорӣ ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ барои гузоштани таъиди ҳуҷҷатҳо (легализатсия) 28 ариза пешниҳод гардид.

Дар давраи ҳисоботи539 ариза барои гузоштани апостил пешниҳод гардид, ки аз он 1112 апостил дода шуд.

Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 3 маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуд, ки дар маҷмӯъ 37 нафар довталабон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ба кор кабул гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Вазорати адлия 1199 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардид.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 160 муроҷиати хаттии шаҳрвандон, 34 муроҷиат ба воситаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1005 муроҷиат аз хориҷи кишвар ворид гардид.

Баҳри иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Вазорат ва сохторҳои он ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра дар рӯзҳои қабул аз ҷониби роҳбарияти Вазорат - 32 нафар шаҳрвандон қабул карда шуда, вобаста ба чораҳои андешидашуда ҳар моҳ маълумотномаи алоҳида ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Илова кунед: