Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нақшаи ҳамкориҳо (чорабиниҳо) бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.04.2022

7 апрели соли 2022 Нақшаи ҳамкориҳо (чорабиниҳо) байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ба имзо расонида шуда, дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои мутақобила дар соли 2022 муайян карда шуданд. Дар доираи нақшаи мазкур ҳамкориҳои байни Вазорати адлия ва ЮНИСЕФ дар самти таҳияи лоиҳаи Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2023-2027 ба роҳ монда мешаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки қаблан 21 сентябри соли 2020 байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи ҳамкориҳо (чорабиниҳо) барои солҳои 2020-2021 ба имзо расонида шуда, бо муваффақ амалӣ карда шуд.

Илова кунед: