Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар доираи Лоиҳаи «Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор» ташрифи коршиноси байналмилалӣ Пилар Гусман ба Агентии омор баргузор гардид

23.05.2018

 Тибқи созишномаи ба имзо расидаи шарики дуҷонибаи байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати муштарак (консортсиум) бо сарварии ДевСтат, аз 15 то 22 майи соли 2018 ташрифи коршиноси байналмилалӣ  Пилар Гусман сурат гирифт.

 
Рӯзҳои аз 15 то 18 майи соли 2018 семинари омӯзишӣ оид ба гузарондани таҳқиқоти яквақтаинаи интихобии хонаводаҳо оид ба омӯзиши истифодаи буҷети вақти якшабонарӯзии аҳолӣ баргузор гардид. Барои гузаронидани таҳқиқоти мазкур ташрифи коршиноси байналмилалӣ Пилар Гусман ду маротиба дар Агентии омор амалӣ гардид, ки тибқи машваратҳои муфиди он дастурамал ва саволномаи таҳқиқот таҳия гардид. 
 
Бояд қайд намуд, ки семинарии омузишӣ барои интервюерҳо аз тарафи коршинос Пилар Гузман дар Агентӣ барои ҳамаи минтақаҳо гузаронид ва 21 майи барои гузаронидани семинари мазкур дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  сафари хизматӣ ба шаҳри Хоруғ анҷом дода шуд. 
 
Таҳқиқоти мазкур дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе тавассути усули интихобӣ гузаронида шуда, 300 хонаводаро фаро мегирад. Мусоҳибони таҳқиқоти мазкур аъзоёни хонаводаи кӯдакони синни 10-14 сола ва 15 сола ва  калонтар интихоб шудаанд, ки пурсиш гузаронида мешаванд. Таҳқиқоти яквақтаина дар заминаи хонаводаҳои интихобгардидаи таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо гузаронида мешавад.
 
Мақсади асосии гузарондани таҳқиқот ин ташаккули маълумоти расмии оморӣ дар бораи тақсимоти истифодаи вақти якшабонарӯзии аҳолӣ барои: 
 
 омӯзиши қонуниятҳои таъсири равандҳои иҷтимоию  иқтисодӣ ба сохтори фаъолиятҳои ҳаррӯзаи аҳолӣ, давомнокӣ ва тағйиротҳои такроршавандаи намудҳои асосии фаъолияти аҳолӣ; 
 ошкор намудани тафовутҳо  дар вақти  истифодашаванда (тамоми буҷаи вақт ва қисмҳои  алоҳидаи он) байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ - демографии аҳолӣ:
 омӯзиши қонуниятҳои иҷтимоии фаъолиятҳои аҳолӣ, ки бо вақти ғайрикорӣ алоқаманданд;
 омӯзиши тақсимоти музди меҳнати пардохтшаванда ва пардохтнашаванда  байни мардон ва занон;
 арзёбии сифати зиндагии аҳолӣ.
 
Дар маҷмӯъ бояд қайд намуд, ки мақсад аз гузаронидани таҳқиқоти яквақтаинаи интихобии хонаводаҳо оид ба омӯзиши истифодаи фонди вақти якшабонарӯзии аҳолӣ, ин таҳлили  вақти сарфнамудаи ҳар як аъзои хонавода, махсусан занҳо ва кӯдаконро дар давоми як шабонарӯз дар рӯзҳои ҳам истироҳатӣ ва ҳам корӣ нишон медиҳад.

Илова кунед: