Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.07.2022

29 июли соли 2022 мулоқоти Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Аики Тосихиро баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкиму тавсеаи васеи ҳамкориҳои мутақобила дар самти фаъолияти мақомоти адлияи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.

Вохӯрии мазкур дар фазои дӯстона баргузор гардида, дар раванди амалинамоии ҳамкории мутақобила дар оянда такони ҷиддӣ мебахшад.

 

 

Илова кунед: