Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мизи мудаввар бахшида ба 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.10.2019


Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша- чорабиниҳои Вазорат бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 октябри соли ҷорӣ дар бинои Вазорат мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» доир намуд.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оид ба дастовардҳо дар даврони истиқлолият ва рушди ҷомеаи шахрвандӣ дар ҳамин давра, кафолатҳо ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, муқовимат ба терроризм ва экстримизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ, муқовимат ба истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ, ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти давлатӣ ва ба роҳ мондани корҳои тарғибу ташвиқ дар байни аҳолӣ, баррасӣ карда шуданд.

Дар натиҷаи баромади намояндагони мақомоти дар муколама ширкатварзида, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ба устуворсозии пояҳои давлатӣ мустақил мусоидат менамояд ва пешгирии паҳншавии ақидаҳои экстримистӣ ва тундгароӣ яке аз роҳҳои асосии муқовимат ба терроризм ва экстримизм ба ҳисоб рафта, ҳар як мақомоти масъул бояд дар ин бобат кӯшиш ба харҷ диҳад.

Илова кунед: