Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии “Фонди Авруосиё Инк.” ИМА

03.11.2022

Имрӯз, 3 ноябри 2022 сол, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии “Фонди Авруосиё Инк.” ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Ёддошти тафоҳумро вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва директори намояндагии Фонд Фируз Сатторов ба имзо расониданд.

Асоси Ёддошти тафоҳумро ҳамкории тарафайн дар соҳаи рушди муносибатҳои шарикии дутарафа баҳри татбиқи кӯшишҳои муштараки ҳамоҳангшуда, ки ба инкишофи ҳамкории дарозмуддати конструктивӣ дар соҳаи рушди ҷомеа ва устуворгардонии иқтидори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд, ташкил медиҳад. Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур ин ифтитоҳи якҷояи раванди навсозӣ ва муносибгардонии заминаи техникии мутамаркази системаи иттилоотии ҳуқуқии «Адлия» ва таъмини минбаъдаи дастрасии ройгон ва озод ба он барои тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ташаббуси муштараки мазкур ба ташаккули шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини дастрасии саривақтии онҳо ба иттилооти ҳуқуқии мубрам, аз ҷумла тавассути замимаи мобилӣ, мусоидат мекунад.

Илова кунед: