Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маълумоти мухтасар оид ба ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати адлия

04.07.2022

5 июли соли 2022 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати адлия оид ба натиҷаи фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар нимсолаи якуми соли 2022 ва муайян намудани вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 баргузор карда шуд.

Дар ҷаласаи мазкур вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият, ҳисоботҳои  сардорони сарраёсат, раёсату шуъбаҳо ва сохторҳои дигари Вазорати адлия оид ба фаъолияти мақомоти адлия дар давраи ҳисоботӣ, мушкилоти ҷойдошта дар самти фаъолияти онҳо ва таклифу пешниҳодҳо оид ба ҳалли ин мушкилот шунида шуда, нақшаҳои дахлдори кори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Инчунин дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби роҳбарияти Вазорат дар назди роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати иҷрои пайваста ва мунтазами дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёми ҳарсола дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ, суханрониҳо дар чорабиниҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва умумиҷумҳуриявӣ бармеоянд, супоришҳои қатъӣ дода шуданд.

Ҳамзамон дар хусуси бартараф намудани камбудиву норасоиҳои дар соҳа ҷойдошта ва назорати иҷрои саривақтии супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи адлия, пурзӯр намудани корҳои таҳлилӣ ва ташкилӣ оид ба пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ таъкид карда шуд.         Воҳидҳои сохтории Вазорат уҳдадор карда шуданд, ки бо мақсади таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа корҳоро дар самти ташвиқу тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ вусъат дода, баромади мунтазами кормандонро дар воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳо ва маҳалҳои аҳолинишин таъмин намоянд. Дар ин раванд бахшида ба таҷлили идҳои миллӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша корҳои эҳсонкориро баҳри расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, муассисаҳои нигаҳдории пиронсолон, ятимон ва нафарони дорои маъюбият ва бемории руҳӣ амалӣ намоянд.

Илова кунед: