Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҳфили эҷодӣ адабии Рудобаи Мукаррам баҳшида ба 25 солагии Рузи Ваҳдати миллӣ

17.06.2022

Бахшида ба ҷашни  25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 17 июни соли 2022 дар толори дасгоҳи марказии Вазорат маҳфили эҷодӣ-адабии адиб, шоира, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чун чорабинӣ бахшида ба ҷашни  25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид, Муовини якуми Вазири адлия Ализода Нигина ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам сараввал дар бораи таърих ва марҳилаҳои барпо шудани Ваҳдати миллӣ сухан ронданд. Қайд карда шуд, ки бо талошҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон воқеаи беназире арзи вуҷуд кард, ки дар тақдири минбаъдаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик таҳаввулоти бунёдӣ ба миён овард.

Маҳфил дар як фазои суҳбати ошкорро доир гардида, дар рафти суҳбат шоира доир ба кору фаъолият ва атрофи маҷмӯаҳои худ ба ҳозирин маълумот доданд.

       Дар фарҷоми чорабинӣ Рудобаи Мукаррам бори дигар доир ба нақш ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, аз ҳамаи иштироккунандагони маҳфил даъват ба амал овард, ки Ваҳдати миллиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Чун армуғон шоираи хушқалам китоби тозанашри худ «Навои рӯди кӯҳистон»-ро ба хазинаи китобхонаи Вазорат ҳадя намуд.

Илова кунед: