Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Накши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10.05.2022

11 майи соли 2022 дар асоси нақша-чорабиниҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Вазорат бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Накши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳо оид ба ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалисозии онҳо, иҷрои ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, таъмини волоияти қонун, дастрасӣ ба адолати судӣ, хизматрасонии давлатӣ, ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба аҳолӣ, доир намудани муколамаҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ ибрози мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз масъалаҳои алоҳидаи таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти адлия ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи амалисозии ҳуқуқ дар соҳаи фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таҳкими муколама ва мизҳои мудаввар бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар маҷмӯъ, мизи мудаввар дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Илова кунед: