Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мизи мудаввар вобаста ба масъалаҳои ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон

07.07.2022

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июли соли 2022 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» бо мусоидати Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон мизи мудаввар вобаста ба масъалаҳои ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдаконро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор намуд.

Дар мизи мудаввари мазкур натиҷаҳои иҷрои Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021 муарифӣ гардида, ҳамзамон масъалаи таҳияи лоиҳаи Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2023-2027  баррасӣ карда шуд.

Зикр бояд кард, ки тибқи банди 37 Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2022 таҳияи лоиҳаи Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2023-2027 пешбинӣ карда шудааст.

Чорабинии зикргардида муҳим арзёби гардида, ҷиҳати ҷалби шарикон аз доираи намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди ислоҳоти минбаъдаи низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон ва дастгирии молиявию техникии дар ин самт  мусоидат хоҳад кард.

 

Илова кунед: