Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Форуми ҳаштуми миллӣ оид ба волоияти қонун

04.11.2022

 

4 ноябри соли 2022 дар арафаи таҷлили рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҳаштуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор гардид.

Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун ягона пойгоҳе мебошад, ки ҳамаи ҳуқуқшиносони кишварро барои муайян намудани афзалиятҳо ва таҳияи пешниҳодҳо барои мусоидат намудан ба волоияти қонун ва дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид месозад.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки соли ҷорӣ дар Форуми ҳаштуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва муҳокима гардид ин ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон ва мушкилот дар самти мазкур буд.

Дар доираи масъалаи мазкур мушкилоти асосӣ дар раванди ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон ва роҳҳои ҳаллӣ онҳо, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни кӯдакону ҷавонон, барканор кардани кӯдакон аз низоми расмии адолати судӣ нисбати кӯдакон, тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии кӯдаконе, ки  дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазо кардаанд, муҳокима гардиданд.

Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои мазкур як қатор тавсияҳои дахлдор таҳия ва пешниҳод карда шуданд. Аз ҷумла, масъалаи қабули қонуни алоҳида дар бораи адолати судӣ нисбати кӯдакон баррасӣ карда шавад, ҳангоми таҳияи сиёсат ва қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбати кӯдакон омилҳои гендерӣ ба назар гирифта шаванд, васоити ахбори омма ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон дар маҷмӯъ, фаъолона ҷалб карда шаванд, судҳо оид ба баррасии парвандаҳои кӯдакон ҳамчун сохтори алоҳида ва ё дар дохили судҳои мавҷуда таъсис дода шаванд, бо равоншинос таъмин намудани ҳамаи муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва маҳдуд кардани озодӣ, масъалаи таъсиси низоми медиатсияи кӯдакон ҷиҳати барканор кардани онҳо аз низоми расмии адолати судӣ баррасӣ карда шавад, масъалаи таҷдиди назар намудани  низомномаҳои муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ ҷиҳати мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбати кӯдакон, баррасӣ карда шавад ва ѓайра.

Дар баррасӣ ва муҳокимаи масъалаи мазкур зиёда аз 70 нафар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазорату идораҳои дахлдор, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ, экспертони мустақил ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

 

 

 

 

Илова кунед: