Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Форуми ҳаштуми миллӣ оид ба волоияти қонун

04.11.2022

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Форуми ҳаштуми миллӣ оид ба волоияти қонун бо иштироки 300 нафар  баргузор гардид.

Форум бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз соли 2015 баргузор мегардад. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, коршиносони мустақил ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Форуми миллӣ майдони муколама байни ҳуқуқшиносон, олимони соҳаи ҳуқуқ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа барои муайян намудани афзалиятҳо ва таҳияи пешниҳод барои мусоидат намудан ба волоияти қонун ва дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Мақсад аз баргузории форум ин муайян намудани мушкилот ва душвориҳое, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба, муҳокимаи озод, инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххас бо мақсади беҳтар намудани  таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун мебошад.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», рушди низоми адлияи ноболиѓон дар Тоҷикистон (дастовардҳо ва мушкилот) ва низоми ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба ақидаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Форуми миллӣ минбари муносибе мебошад, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд масъалаҳо ва мушкилоти муҳимро муҳокима карда, роҳҳои ҳалли онҳоро якҷо ҷустуҷӯ намоянд.

Дар натиҷаи мубоҳиса ва муҳокимарониҳо дар фарҷоми Форум тавсияҳо қабул гардиданд, ки ба мақомоти дахлдор барои баррасӣ ва корбарӣ ирсол карда мешаванд.

Илова кунед: