Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Чорум форуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор гардид.

01.11.2018


Дар асоси Нақшаи баргузории чорабинињои илмї ва илмї-техникї дар Љумњурии Тољикистон барои соли 2018, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 4 майи соли 2018, тањти №240 тасдиќ гардидааст, 2 ноябри соли 2018 бинои Китобхонаи миллии Тољикистон Форуми чоруми миллӣ оид ба волоияти ќонун баргузор гардид.

Чун анъана Форуми миллӣ дар арафаи таљлили рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба наќша гирифта шуда, идомаи Форумҳои якум, дуюм ва сеюми миллии бомуваффақ анҷомшуда ба ҳисоб меравад, ки таи солҳои 2015-2017 ташкил ва гузаронида шуда буданд, мебошад.

Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун ягона пойгоҳе мебошад, ки ҳамаи ҳуқуқшиносони кишварро барои муайян намудани афзалиятҳо ва таҳияи пешниҳодҳо барои мусоидат намудан ба волоияти қонун ва дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар Љумњурии Тољикистон муттањид месозад.

Мақсад аз баргузории Форум ин муайян намудани мушкилот ва душвориҳое, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеъа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба ва муҳокимаи озод ва инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххаси пешниҳодҳо бо мақсади беҳтар намудани волоияти қонун дар Тоҷикистон ва минбаъд таъмин намудани баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, гузаронида мешавад.

Дар Форуми миллӣ масоили вобаста ба рушди ќонунгузорї, мушкилї ва муаммои соњаи меъёрэљодкунї бо назардошти  муќаррароти Консепсияи сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон, низоми миллї бањри таъмини пешбурди сиёсати ягонаи давлатї дар соњаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва амнияти миллї, њуќуќи соњибкорї, масъалањои андозбандї ва мушкилињои соња, таъминоти њуќуќии фаъолияти туризм дар Љумњурии Тољикистон ва таъминоти њуќуќии иљрои уњдадорињои байналмилалї дар соњаи њуќуќи инсон, инчунин татбиќи Њадафњои рушди устувор мавриди тањлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар кори Форум намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Парлумон, Суди Конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи генералї, роњбарон ва намояндагони вазорату идорањо, инчунин љомеаи шањрвандї, ташкилотњои хориљї, экспертони мустаќил ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Созмондиҳандагони Форуми миллї, Ҳукумати Љумњурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Љумњурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, филиали Ассотсиатсияи “Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен» дар Тољикистон ва дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ мебошанд.

Илова кунед: