Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истифода додани бинои Маркази адлия дар шаҳри Гулистон

12.08.2022

12 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур аз ду ошёна бо таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум равзанаи ягона, китобхона бо гирд овардани китобҳои нависандагони маъруфи тоҷик ва дастурҳои соҳавӣ, утоқи кории кормандону мутахассисони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Гулистон, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории нотариусони давлатӣ ва толори ақди никоҳ ҷой дода шудааст.

 

Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамовардашудаи кору фаъолият ва хизматрасониҳо ба шаҳрвандон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бинокориву сохтмонӣ баҳои хуб дода, таъкид намуданд, ки кормандону мутахассисони мақомоти адлия дар самти татбиқи босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хизматрасониҳои саривақтиву босифат ба ахолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳукукии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи одобу маърифати оиладори саҳмгузор бошанд.

Илова кунед: