Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

30 – солагии қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

24.11.2022

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30–солагии қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 24 ноябри соли 2022 дар дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштирокӣ кулли кормандон баргӯзор гардид.

Маҷлисро Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Музаффар Ашуриён ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишварамон 30 сол аст, ки  24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил мегардад. Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд. Тибқи муқарароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин дар ҳамин асос эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ қарзи виҷдонии ҳар соҳибватан аст.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рузҳои ид” тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он ҳамасола         24-уми ноябр ҳамчун рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомат дар фазои амну суббот, ваҳдату ҳамрайъӣ ва умед ба фардои неку дурахшон таҷлил мегардад, ки ин нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар руҳияи худшиносӣ тарбия намудани насли наврас аст. Сокинони мамлакат ҳамасола ин ҷашни муқаддасу бошукуҳро ботантана таҷлил намуда, сол ба сол ба ин шукуҳи тоза ато мекунанд. Зеро ҳар як фарди кишвар баробари нигоҳ кардану ба даст гирифтани Парчами миллӣ вуҷудашро ҳисси ифтихор ва аз ватану ватандорӣ фаро мегирад, ки ин гувоҳ аз худшиносиву худогоҳӣ ва фарҳангсолору соҳибтамаддун будани мардуми куҳанбунёди мост. Дар воқеъ мавҷудияти ин волотарин муқаддасоти миллӣ тавонист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ боиси боз ҳам устувортар гардидани ваҳдати миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳангсолорӣ ва як идда бунёдкориҳо гардад. Парчами миллии мо барои шинохти  асолати миллӣ, эҳёи сунатҳои давлатдорӣ ва боз ҳам сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозидааст. Парчами давлатии мо инъикосгари таъриху фарҳанги пурғановат, расму оинҳои деринаи давлатдориамон, ифодагари  марому ҳадафҳои мардуми сарбаланди кишварамон буда, дар таҳкими давлати ободу осуда, дар самти бунёди ояндаи дурахшон чун рамзи давлати соҳибистиқлолу соҳибиқбол таҳти сарварии хирадмандонаи абармарди олими сиёсат, чеҳраи намоёну мондагору таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон ба оламиён аз мавҷудияти сарзамини соҳибфарҳанге бо номи Тоҷикистон мужда медиҳад.

Парчами давлатии мо, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи  тоҷиконро иникос мекунад. Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад. Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллати озоду соҳибистиқлол ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори  онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем, зеро ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.   

Сипас, суханро барои маъруза ба ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода доданд.

Мавсуф зимни суханронӣ, аз таърихи парчамдорӣ ва парчамбардории миллати тоҷик ёдовар шуда, чунин қайд намуданд, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол соҳиби муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатии худ аст, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои парчам, нишон ва суруди миллӣ  мебошад.

Парчамдориву  парчамбардории халқи тоҷик таърихи қадима дошта, аз аҳди бостон то имрӯз давраи тӯлониро тай намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд. 

Дар забони тоҷикӣ мафҳумҳои  «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла, истилоҳи «парчам» аз вожаи забони суғдии «*parčam»  сарчашма гирифта, ба  маъноҳои овеза ё ливо омадааст.

Вобаста ба парчамдории  давлатҳои абарқудрати ниёкони мо  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон қайд кардаанд:

«Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири  уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш  гардида буд ва он парчам рамзи як давлати нирӯманди замона ба ҳисоб мерафт.

Ҳамчунин метавон аз  ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи  равшани  меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Пайдоиши Парчамро дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик  Абурайҳони Берунӣ  ба муборизаи Коваи Оҳангар  ба муқобили зулму истибдод  ва таъмини адолату зиндагии осоишта мансуб медонад. 

 Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки намунаи осори барҷастаи  ватандӯстию тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи Коваи оҳангар маълумоти арзишманд оварда шудааст.

 Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд.  Мардум зери «Дирафши Ковиён»  ҷамъ омаданд. 

Аз он замон сар карда, Парчам чун рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдодони мо қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифт.

Дар асри 20 дар баробари Парчами давлати Шуравӣ  парчами ҶШС Тоҷикистон низ парафшонӣ мекард, ки аз эҳёи давлати миллии тоҷикон шаҳодат медод.

Дар асри гузашта зери ин парчам мардум ба сӯи корнамоиҳои  бузург мерафтанд, миллионҳо фарзандони содиқи давлати Шӯравӣ ҷони худро барои ҳимояи Ватан бо муқаддастарин парчами давлат нисор карданд.

Парчам  ҳарчанд дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик мақоми шоистаеро касб карда бошад ҳам, вале то таъсисёбии  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ Тоҷикистон, кишвари  мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии мустақил набуд.

 То соли 1929 дар ҳуҷатҳои муҳимтарини давлатию  ҳукуматӣ, дар муҳрҳо  ва варақаҳои соҳавии  ташкилоту муассисаҳо  акси нишон ва парчами ҶШС Ӯзбекистон нақш баста буд.

Дар асри сипаригардида 20 марти  соли 1953 Укази Президуми Совети Олии ҶШС  Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағироту иловаҳо  ба байрақи РСС Тоҷикистон интишор гардид.

Мувофиқи он матои байрақ аз чор рахи ранги уфуқӣ: рахи сабз даҳяк ва рахи поён сурх панҷяки байрақро мегирифт, ташкил ёфта, дар рахи  сурхи боло досу болға ва аз он болотар ситораи сурх акс ёфта буд.

ранги сурх- ифодаи анъана ва муборизаи инқилоби халқи Шӯравӣ; ранги сафед- инкишофи пахтакориро  ҳамчун соҳаи асосии истеҳсолот;

ранги сабз- -аз мавҷудияти боғу токзорҳо, дарахтпарварӣ  шаҳодат медод, ки ин рангу ифодаҳо то даврони  истиқлол боқӣ монданд.

Эълон гардидани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон масъалаи тағийр  ва қабули рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон   ва Суруди миллиро ба миён овард.

Ҳанӯз 12 ноябри соли 1991 Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон бо назардошти эъломияи  истиқлолияти давлатӣ озмун  барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ  қарор қабул намуд.

Низомномаро дар бораи шартҳои асоси  барои беҳтарин акси Нишон ва Парчам эълон намуд.

Бо  назардошти талаботҳои озмун комиссияи босалоҳият ва ҳайати доварон иборат аз 20 нафар таҳти Раиси  иттифоқи рассомони Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он рассомон, наққошон, олимон шомил гардиданд.

 Дар натиҷа ба кори комиссия зиёда аз 200 адад тарҳи Нишону Парчам пешниҳод гардид.

Аз ин ҳама пешниҳодҳо тарҳи Нишон ва Парчаме ҷои аввалро соҳиб гардид, ки сарварии гурӯҳи  кории онро рассом Зуҳур Ҳабибуллоев ба уҳда дошта, муаллифи бевоситаи Парчам Маҳмадулло Сайдалиев  гардид.

Парчам барои тасдиқ ва қабул ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол  аввалин маротиба дар Иҷлосияи таърихии  шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   24 ноябри соли 1992 қабул карда шуд.

 Он яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои  таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзӯву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

 

Тавре зикр гардид, пайдоиши Парчам дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ба муборизаи Коваи Оҳангар  ба муқобили зулму истибдод  ва таъмини адолату зиндагии осоишта иртибот дорад. 

Мардум зери «Дирафши Ковиён»  ҷамъ омаданд ва барои адолату иттиход, суботи ҷомеа ва зиндагии осоишта камар бастанд. 

Аз он замон сар карда, парчам  чун рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдодони мо қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифт.

Имрӯз тасвири «Дирафши ковиён» дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, ки он ифодагари  рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.

Дар таърихи 29 октябри  соли 2009  дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24 ноябр рӯзи Парчами давлатӣ эълон карда шавад ва  ҳамасола ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад.

Бо мақсади амалӣ намудану асоси ҳуқуқӣ бахшидан 3 ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон  дар бораи  ворид намудани илова  ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид  ва  19  ноябри ҳамон сол  Парламенти Тоҷикистон онро тасдиқ кард.

Ин инқдоми наҷибу нек идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи  ҳукумат ва давлати Тоҷикистон  буда аз ҳар як сокини кишвар, ҳисси баланд ватандӯстӣ ва дарки масъулиятро тақозо намуда, насли ҷавони имрӯзаро  дар руҳияи баланди хештаншиносиву  меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ  ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд.

 Зеро Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ рамзҳои асоси давлат буда, муҳимтарин идеалҳои сиёсӣ  ба шумор рафта воситаи тарғибу ташвиқи  мақсад ва нишонаи соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошанд.

Вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12 майи соли 2007, №254 муқаррар мекунад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон    матои росткунча буда, дар он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта  кашида шудааст, рахи боло ранги сурх дорад,

Паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди байн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад.

 Дар рӯи рахи сафед аз ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Рангҳои парчам ва тасвирҳои дар он нақшгардида рамзҳои махсусро ифода мекунад. Ранги сурх-рамзи  шуои офтоб, равшанӣ, сурхрӯйӣ, дониш, таърих, фарҳанг, ҳаёти ҷовидон, ифтихор матонату шуҷоат ва соҳибистиқлолӣ аст.

 Вобаста ба рангҳо ва тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд:    «Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари  арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Ранги сурх  - муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед- нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз - нишонаи сарсабзиву шукуфойӣ, сарбаландию хуррамӣ ва абадият мебошад.

Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон  Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст».

 Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз мардуми шарафманди тоҷик 30 - сол зери парчами парафшони худ, зери сиёсати бунёдкоронаву созандаи Роҳбари оқилу тавоно - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи матин ва азми қавӣ роҳи бунёдкориву созандагӣ гомҳои устувор гузоштаанд. Бо итминон метавон гуфт, ки мо ҳама дар зери ин парчам сарҷамъ шуда, Ватани азизи худро боз ҳам ободу зебо менамоем.

Бигзор Парчами миллӣ ҳамеша чун ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ моро ба сӯи ягонагию ваҳдат сулҳу субот раҳнамо бошаду дар роҳи пурпечутоби инкишофи ҷаҳони муосир барои дастовардҳои нав дар сари мо ҷилвагар бошад.

 

 

Илова кунед: