Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

29.06.2022

Аз 29 июн то 1 июли соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, баргузор гардида истодааст, ки дар он вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иштирок намуда истодааст.

Форуми мазкур ҳамасола гузаронида шуда, он майдони васеи муколама ва мубоҳисаҳои ҳуқуқшиносон аз як қатор кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Чун қоида дар Форуми мазкур вазирони адлияи давлатҳои хориҷӣ, ходимони илмиву амалӣ, ҳуқуқшиносони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ, судяҳои судҳои конститутсионӣ ва арбитражӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои васеи академӣ, сохторҳои бонкӣ, инчунин намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ ширкат варзида, дар мавзуъҳои мубрами соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ҳалли мушкилоту муаммои татбиқи ҳуқуқ ва таҷрибаи пешқадам мубодилаи афкор менамоянд.

Дар Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ, нақши ҳуқуқ ва қонун дар замони дигаргуниҳои ҷаҳонӣ, амалияи судӣ ва арбитражии ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ, таъмини ҳуқуқии истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ташкили фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ҳуқуқи ширкатҳои тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳо  мавриди муҳокимаи васеи иштирокчиён қарор дода шуда, дар доираи он инчунин форуми ҳуқуқшиносони ҷавон, муколамаҳо ва конференсияҳои сатҳи баланд баргузор гардид.

 

Илова кунед: