Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи корӣ ҷиҳати муҳокимаи самтҳои ҳамкориҳо оид ба таъмини ёрии ҳуқуқӣ

10.06.2022

10 июни соли 2022 ҷаласаи корӣ ҷиҳати муҳокимаи самтҳои ҳамкориҳо оид ба таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон ва муарифии ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии  ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти давлатии дахлдори вилояти Суғд баргузор гардид.

Мақсад аз баргузор намудани ҷаласаи кории зикргардида таҳким  бахшидан ба фаъолияти ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии  ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон мебошад.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, намояндагони мақомоти суд, прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар ва ҳуқуқшиносони давлатӣ дар вилояти Суғд ҳузур доштанд.

Зикр кардан зарур аст, ки расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Аз соли 2016 инҷониб Вазорати адлия якҷо бо шарикони рушд – Барномаи рушди Созмони Миллали Мутаҳид ва филиали “Хелветас Свисс Интеркооперейшен” дар Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеаро амалӣ карда истодааст.

Илова кунед: