Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Таърих

«Танҳо ҳамон нерўҳое, ки дар хидмати
адлу адолат мебошанд, қобили ситоишанд…»

 Эмомалй Раҳмон

 

 Аз рўзе, ки дар љомеаи инсонї идоракунии муттамарказонидашуда арзи њастї намуд, яъне давлат ба миён омад, масъалаи муќаррар намудани њуќуќу озодињои њар як аъзои љомеа, таъмини риояи ин њуќуќу озодињо, барќарор намудани адолат дар њаёти љамъиятї яке аз вазифањои муњимтарини давлат ва ањли љамоатчигї ба њисоб мерафт. Љомеаи инсонї тўли асрњои зиёд зинањои гуногуни тараќќиётро аз сар гузаронида, сохтори идоракунии давлат, сиёсати давлатдориро такмил дод, ки дар он ташаккулёбии низоми њуќуќї мавќеи муњимро ташкил медињад.

Таљрибаи гузаштаи њаёти љомеа собит намуд, ки идоракунии сохти њаёти сиёсї, иќтисодиву иљтимої ва фарњангии љомеа танњо тавассути муќаррар намудани меъёрњои муайян дар ин соњањо, ки риояи онњо барои њар як узви љомеа њатмї мебошад,  имконпазир аст. Баъдан чунин тартиби меъёрэљодкунї мафњуми низоми ќонунгузориро гирифт. Вале муќаррар намудани меъёр як тарафи масъала буда, таъмини риояи меъёрњои муќарраргардида вазифаи муњимест, ки назорати доимї ва масъулияти беандозаро талаб мекунад. Дар низоми давлатдорї маќомоте, ки таъмини сиёсати њуќуќии давлатро амалї мегардонад, маќомоти адлия номида мешавад, ки бо номњои гуногун маъмул гаштааст.

Маќомоти адлияи тољик њам дар ин давраи таърихї роњи дуру дарозеро тай намуда, барои барќарор намудани адолат, таъмини њимояи њуќуќу манфиатњои ќонунии шањрвандон ва тарѓибу ташвиќи њуќуќї корњои зиёдеро ба сомон расонидааст ва дар баробари он мавќеъ ва наќши худро дар низоми идоракунии давлатї муайян намудааст. Таъсиси маќомоти адлия дар шакли имрўзааш низ таърихи басо ибратомўз дорад, ки дар ин рисола чанд лањзае аз онро пешкаши хонандагони гиромї карданием.

Таъсиси маќомоти адлияи навини тољикон дар замон ва давре ба вуќўъ пайваст, ки он ваќт Тољикистон давраи душвори таърихиро паси сар карда, барои дар харитаи таърих арзи њастї намудани худ мубориза мебурд. Њаракати пантуркистон ва босмачињо имкон намедод маќомоти давлатї фаъолияти худро ба таври мўътадил ва дахлдор ба амал бароварда, амалишавии мўътадили њокимияти давлатии ќонуниро таъмин намояд. Дар баробари ин ба намояндагони њокимияти давлатї лозим меомад фаъолияти худро дар ду љабња - љабњае, ки бар зидди њаракати босмачигарї равона гардида буд ва љабњае, ки барои барќарор намудани њокимияти давлатї ва таъмини амнияти шањрвандон равона гардидааст, амалї созанд. Аз ин љо, маќомоти адлия аз рўзњои аввали таъсис ва фаъолияти худ дар сафи пеши барќарорсозандагони адолат ќарор дошта, дар ин самт ќадамњои устувори худро мегузошт.

Наќш ва мавќеи хосаи Вазорати адлия баъд аз касби истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон боз њам таќвият ёфт, ва махсусан дар солњои ноороми љумњурї ин маќомот сарфи назар аз њама мушкилињову кўшишњо тавонист садои одилонаи худро боло кунад ва алайњи њама кўшишњои муѓарризона истодагарї намояд.

Маќомоти адлияи Љумњурии Тољикистон тўли беш аз 90 сол аст, ки дар сафи пеши њифзи њуќуќу озодињои асосии инсон ва шањрванд, дар њимояи ќонуният ва адолат ќарор дошта, дар ин муддати таърихї роњу пайрањаи пурпечутоби њаёти сиёсии Тољикистонро тай намуда, барои устувор гардидани пояњои њуќуќии маќомоти давлатї, ташаккул ёфтани низоми њуќуќии љумњурї, ба талаботи љомеаи љањонї мутобиќ шудани он саъю кўшиши зиёдеро ба харљ додаст, ки ин анъанаи корї то ба имрўз давом ёфта истодааст ва давом хоњад ёфт.

Фаъолияти маќомоти адлия аз рўи мазмун ва моњияти худ фаъолияти давлатї ба шумор рафта, дар доираи салоњияти он ба амал бароварда мешавад. Ин фаъолият мањз дар солњои Истиќлолияти давлатиро ба даст овардани Љумњурии Тољикистон њаматарафа инкишоф ёфт ва барои бунёди давлати демократї, њуќуќбунёд ва дунявї асос гузошт.

Яке аз комёбињои бузургтарини даврони соњибистиќлолї дар соњаи танзими њуќуќї ин ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мебошад, ки бо роњи раъйпурсиии умумихалќї 6 ноябри соли 1994 ќабул гардида, ѓояњои пешќадами љамъиятиву сиёсї, таљзияи њокимияти давлатї, таъмини пурраи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, гуногунандешии сиёсиву идеологиро дар худ таљассум намуд.

Ќабул шудани Конститутсияи давлати мустаќили Тољикистон, ки воридкунандаи андеша, афкор, арзиш ва усули комилан нави давлатдорию њуќуќэљодкунї мебошад, бори аввал дар таърихи њуќуќэљодкунии кишвар зарурати ќабули як силсила ќонунњои конститутсиониро пешбинї намуд. Тањия ва ќабули кодексњои гражданї, мењнат, манзил, љиноятї, андоз, гумрук ва ѓайра, ки поясутуни соњањои њуќуќи марбута мебошанд, дар мазмуну мўњтавиёти хеш тамоми андешањои њуќуќи муосирро, ки онњо аз умќи таърихи афкори мутараќќии башар илњом мегиранд, инъикос намудаанд. Дар тањия ва ќабули њамаи ин санадњо Вазорати адлия сањми бевосита дорад.

Хусусияти хоси Вазорати адлия дар он зоњир мегардад, ки вай дар баробари маќомоти судї ба амалисозї ва таъмини адолат сару кор дошта, мутобиќати санадњои меъёрии њуќуќиро ба ќонунгузории амалкунанда таъмин менамояд ва бо ин роњ њуќуќу манфиатњои ќонунии инсон ва шањрвандро зери њимоя ќарор медињад. Ќобили ќайд аст, ки дар ин раванд на танњо њуќуќу манфиатњои ќонунии инсон ва шањрванд, њамчунин сохти љамъиятї ва давлатї, тамоми шаклњои моликият, њуќуќу озодињои сиёсї, иќтисодиву иљтимої ва фарњангї, дигар њуќуќ ва манфиатњои шахсї ва молу мулкии шањрвандон, њуќуќ ва манфиатњои ќонунии корхонавумуассисањо ва ташкилотњои дорои шаклњои гуногуни моликият низ мавриди њимоя ќарор дода мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки пешбурди фаъолияти тарѓибу ташвиќи њуќуќї, меъёрэљодкунї, ёрии њуќуќї ба шањрвандон, иљрои љазои љиноятї, экспертизаи судї ва криминалистї њадди нињоии доираи фаъолияти Вазорати адлия набуда, њамчунин мутобиќи Низомномаи худ, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 тасдиќ гардидааст, вазифањои таъмини њуќуќии фаъолияти меъёрэљодкунии Президенти Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон, ба ќайди давлатї гирифтани иттињодияњои љамъиятї ва њизбњои сиёсї, сабти давлатии санадњои хислати умумињатмї доштаи вазорату идорањои давлатї, расонидани ёрии њуќуќї ба шањрвандон ва шахсони њуќуќиро ба амал мебарорад. Аз ин љо, Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон барои ба тартиб даровардани ќонунгузории Тољикистон дастурњо дода, ба маќомоти давлатї љињати ба амал баровардани фаъолияти тарѓибу ташвиќи њуќуќї ёрии амалии худро мерасонад.

Илова кунед: