Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ёрии ҳуқуқии ройгон

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, таҳти №327 Барномаи ислоҳоти судй-ҳуқуқй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ шудааст.

Мақсади асосии ислоҳоти судй-ҳуқуқй ин таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судй, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судй, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Банди 7 Барнома ва банди 5 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи мазкур таҳия ва қабули Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқй ба аҳолй ва манзури пешниҳодҳо вобаста ба такмили қонунгузории ёрии ҳуқуқиро ба тартиб даровардаанд. 

Бо дастрасии Барномаи дар болозикргардида бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли 2015 сол, таҳти №425 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Барои татбиқи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015, таҳти №704 Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқй»-и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби донорҳои байналмилалй аз ҷиҳати молиявй дастгирй карда мешавад, таъсис дода шуд.

Вазифаҳои муассисаи давлатй барои ноил гаштан ба аввалиятҳои зерин равона шудаанд:

- таъмини дастрасй ба адолати судй барои аҳолй;

- расонидани ёрии ҳуқуқии ихтисоснок ба аҳолй;

- ҳалли масъалаҳо то муроҷиат ба суд; 

- маҳви бесаводии ҳуқуқии шаҳрвандон.

Бюроҳои давлатии ҳуқуқии тибқи Косепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон, ки бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 июли соли 2015 таҳти №425 тасдиқ шудааст фаъолият мекунанд. Дар Бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ ҳуқуқшиносон ба шаҳрвандон ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа мерасонанд, аз ҷумла  авризаву шикоятҳо дархост ва дигар ҳуҷатҳои ҳуқуқиро  тартиб медиҳанд.

Аз давраи  таъсиси Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2016 то моҳи ноябри соли 2018 дар 18 шаҳру ноҳияҳои зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ кушода шудаанд:

  1. н. Б. Ғафуров
  2. ш.Ваҳдат
  3. н. Восеъ
  4. ш.Панҷакент
  5. н. Деваштич
  6. н. Ҷайҳун
  7. ш. Конибодом
  8. н. Шаҳринав
  9. ш. Хоруғ
  10. н. Ҷ. Расулов
  11. н. Спитамен
  12. н. Ёвон
  13. ш. Исфара
  14. н. Ҷ. Балхӣ
  15. н. Нуробод
  16. н. Ашт
  17. н. Дусти
  18. н. Тоҷикобод

 

Тамос бо МД «Маркази ёрии ҳуқуқй»:

734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. С. Айни 127
Тел:  (+992 37)  225 16 77
e-mail: info@salac.tj 
http: www.salac.tj

 

Илова кунед: