Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  Тағйиру иловаҳо бо тариқи раъйпурсии умумихалқй аз 26 сентябри соли 1999, аз 22 июни соли 2003, аз 22 майи соли 2016 

МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодй ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқй ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.

БОБИ ЯКУМ. АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНЙ

Моддаи 1.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократй, ҳуқуқбунёд, дунявй ва ягона мебошад.

Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентй мебошад (22 майи соли 2016)

Тоҷикистон давлати иҷтимой буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.

Моддаи 2.

Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикй аст. Забони русй ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.

Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурй зиндагй мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд (22 майи соли 2016).

Моддаи 3.

Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллй аст.

Моддаи 4.

Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст.

Моддаи 5.

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олй мебошанд (22 майи соли 2016).

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Моддаи 6.

Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрй ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатй буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалй мегардонад.

Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқй ва интихобот аст.

Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.

Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятй, ҳизбҳои сиёсй, гурўҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд.

Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст.

Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.

Моддаи 7.

Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.

Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.

Соҳибихтиёрй, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозй, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст.

Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионй танзим менамояд (22 майи соли 2016).

Моддаи 8.

Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятй дар асоси равияҳои гуногуни сиёсй ва мафкуравй инкишоф меёбад.

Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятй, динй, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатй эътироф шавад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятй ва ҳизбҳои сиёсй дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.

Иттиҳодияҳои динй аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатй мудохила карда наметавонанд (22 майи соли 2016).

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятй ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастй, миллатгарой, хусумат, бадбинии иҷтимой ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зўрй сарнагун кардани сохтори конститутсионй ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллй ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсй аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷй, шахсони ҳуқуқй ва шаҳрвандони хориҷй манъ аст (22 майи соли 2016).

Моддаи 9.

Ҳокимияти давлатй дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судй амалй мегардад.

Моддаи 10.

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқй дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқй надоранд.

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурй ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалй амал мекунанд.

Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмй амал мекунанд.

Моддаи 11.

Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрй ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалй муайян мекунад.

Ташвиқоти ҷанг манъ аст.

Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалй дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷй робита намояд.

Давлат бо ҳамватанони берунмарзй ҳамкорй мекунад.

Моддаи 12.

Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

Давлат фаъолияти озоди иқтисодй, соҳибкорй, баробарҳуқуқй ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

Моддаи 13.

Замин, сарватҳои зеризаминй, об, фазои ҳавой, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табий моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

БОБИ ДУЮМ. ҲУҚУҚ, ОЗОДЙ, ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

Моддаи 14.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурй ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалй мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судй таъмин мегарданд (22 майи соли 2016).

Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятй, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионй, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолй ва тамомияти арзии ҷумҳурй раво дониста мешавад (22 майи соли 2016).

Моддаи 15.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рўзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад (22 майи соли 2016).

Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрванди давлати дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ё шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст (22 майи соли 2016).

Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионй танзим менамояд (22 майи соли 2016).

Моддаи 16.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷй супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷй дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад.

Шаҳрванди хориҷй ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинй намудааст (22 майи соли 2016).

Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсй диҳад.

Моддаи 17.

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динй, мавқеи сиёсй, вазъи иҷтимой, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

Моддаи 18.

Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад (22 майи соли 2016).

Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин.

Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонй раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббй ва илмй қарор додани инсон манъ аст.

Моддаи 19.

Ҳар кас кафолати ҳифзи судй дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасй намояд.

Ҳеҷ касро бе асоси қонунй дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.

Моддаи 20.

Ҳеҷ кас то эътибори қонунй пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

Ҳеҷ кас баъди гузаштани мўҳлати таъқиби ҷиноятй, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарй кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад (22 майи соли 2016).

Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунй барои он ҷазо пешбинй нашуда бошад ва ё ҷазои сабук пешбинй шуда бошад, қонуни нав амал мекунад.

Мусодираи пурраи молу мулки шахси маҳкумшуда манъ аст.

Моддаи 21.

Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судй ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад.

Моддаи 22.

Манзили шахс дахлнопазир аст.

Ба манзили шахс зўран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.

Моддаи 23.

Маҳрамияти мукотиба, сўҳбатҳои телефонй, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.

Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ў ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.

Моддаи 24.

Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурй ва бозгашт ба он ҳуқуқ дорад.

Моддаи 25.

Мақомоти давлатй, иттиҳодияҳои ҷамъиятй, ҳизбҳои сиёсй ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ў дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.

Моддаи 26.

Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравй намояд ва ё пайравй накунад, дар маросим ва расму оинҳои динй иштирок намояд.

Моддаи 27.

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсй ва идораи давлатй бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.

Шаҳрвандон ба хидмати давлатй ҳуқуқи баробар доранд.

Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсй иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионй ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.

Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодй маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсй иштирок кардан надоранд (22 майи соли 2016).

Тартиби гузаронидани интихоботро қонунҳои конститутсионй ва қонунҳо танзим менамоянд. Баргузории раъйпурсй тибқи қонуни конститутсионй сурат мегирад.

Моддаи 28.

Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсй, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятй иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад (22 майи соли 2016).

Ҳизбҳои сиёсй дар асоси гуногунандешии сиёсй барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсй иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба меъёрҳои демократй мувофиқ бошанд.

Моддаи 29.

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар маҷлис, гирдиҳамой, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад.

Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.

Моддаи 30.

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинй ва хусумати иҷтимой, нажодй, миллй, динй ва забониро бармеангезанд, манъ аст.

Сензураи давлатй ва таъқиб барои танқид манъ аст.

Номгўи маълумотҳоеро, ки сирри давлатй доранд, қонун муайян мекунад.

Моддаи 31.

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатй муроҷиат намояд.

Моддаи 32.

Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.

Товони зарари моддй ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатй, иттиҳодияҳои ҷамъиятй, ҳизбҳои сиёсй, дигар шахсони ҳуқуқй ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рўёнида мешавад (22 майи соли 2016).

Моддаи 33.

Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорй ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.

Бисёрникоҳй манъ аст.

Моддаи 34.

Модару кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд (22 майи соли 2016).

Давлат барои ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорй менамояд.

Моддаи 35.

Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимой ҳангоми бекорй ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад.

Дар муносибатҳои меҳнатй ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад.

Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурй ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.

Дар корҳои вазнин, зеризаминй ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

Моддаи 36.

Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатй, ҷамъиятй, кооперативй ва хусусй таъмин карда мешавад.

Моддаи 37.

Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рўзи корй, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рўзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст (22 майи соли 2016).

Моддаи 38.

Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатй дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатй истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонй ва сайёҳй тадбирҳо меандешад (22 майи соли 2016).

Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад.

Моддаи 39.

Ҳар шахс дар пиронсолй, ҳангоми беморй, маъюбй, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимой дорад.

Моддаи 40.

Ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадей, илмй ва техникй ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад (22 майи соли 2016).

Сарватҳои фарҳангй ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад.

Моликияти зеҳнй таҳти ҳимояи қонун аст (22 майи соли 2016).

Моддаи 41.

Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосй ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатй кафолат медиҳад.

Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун, дар муассисаҳои таълимии давлатй метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумй, ибтидоии касбй, миёнаи касбй ва олии касбй гирад.

Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.

Моддаи 42.

Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодй, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Моддаи 43.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.

Моддаи 44.

Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангй вазифаи ҳар як шахс аст.

Моддаи 45.

Супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист (22 майи соли 2016).

Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.

Моддаи 46.

Ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатҳои табий, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии ҷумҳурй наметавонад ба таври мўътадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваққатй барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулодда эълон мегардад.

Мўҳлати вазъияти фавқулодда то се моҳ аст. Дар мавридҳои зарурй ин мўҳлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дароз намояд.

Моддаи 47.

Дар давраи вазъияти фавқулодда ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28-и Конститутсия пешбинй шудааст, маҳдуд карда намешавад.

Низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулоддаро қонуни конститутсионй муайян мекунад.

БОБИ СЕЮМ. МАҶЛИСИ ОЛЙ

Моддаи 48.

Маҷлиси Олй - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии намояндагй ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маҷлиси Олй аз ду Маҷлис - Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

Мўҳлати ваколати Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон дар рўзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.

Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионй танзим мекунад.

Моддаи 49.

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумй, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонй сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбй мебошад. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олй бошад (22 майи соли 2016).

Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллй ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурй (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонй интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллй Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурй намояндагони баробар доранд.

Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.

Фаъолияти Маҷлиси миллй даъватй мебошад.

Узви Маҷлиси миллй шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олй бошад (22 майи соли 2016).

Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллй мебошад, агар ў аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад.

Узви Маҷлиси миллй ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд (22 майи соли 2016).

Шумораи аъзои Маҷлиси миллй ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳоро қонуни конститутсионй муайян менамояд (22 майи соли 2016).

Моддаи 50.

Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбй ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионй муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллй бошанд.

Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллй ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад. Узви Маҷлиси миллй наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндагй бошад.

Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагй бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорй намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодй ва омўзгорй.

Моддаи 51.

Узви Маҷлиси миллй ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.

Узви Маҷлиси миллй ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирй дорад, ўро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содири ҷиноят. Узви Маҷлиси миллй ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахсй қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллй ва вакили Маҷлиси намояндагон, бо пешниҳоди Прокурори генералй аз ҷониби маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.

Ваколати узви Маҷлиси миллй ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, эътибори қонунй пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандй, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, тарки доимии ҷумҳурй, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллй мувофиқ нест, парокандашавии Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад. Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллй ва вакили Маҷлиси намояндагонро қонуни конститутсионй танзим менамояд (22 майи соли 2016).

Моддаи 52.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад. Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагонро узв ва вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раисони ин Маҷлисҳо онро мебарад.

Фаъолияти Маҷлиси миллй дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи Маҷлиси миллй соле на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси Маҷлиси миллй даъват карда мешавад. Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рўзи аввали кории моҳи октябр то рўзи охирини кории моҳи июн гузаронида мешавад.

Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд. Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасй мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гаштаанд. Муфассал(Конститусияи пурра)

 

Илова кунед: