Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Адвокатура

СОҲИБ ШУДАН БА МАҚОМИ АДВОКАТ
Мутобиқимоддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатй» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшинос дорад, забонидавлатиро медонад, инчунин на кам аз ду сол собиқаи корй аз рўи ихтисоси ҳуқуқшинос дорад ё коромўзиро дар ташкилоти адвокатй дар мўҳлати муқаррор намудаи Қонуни мазкур гузаштааст, метавонад соҳиби мақоми адвокат гардад.

Шахс ҳуқиқи соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва машғул шудан ба фаъолияти адвокатиро надорад, агар:

- ба талаботи қисми 1 ҳамин мода ҷавобгў набошад – мувофиқи тартиби муқаррар намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қобилияти  амалаш маҳдуд карда шуда ё ў ғайриқобили амал эътироф карда шудабошад;

- барои содиркардани ҷиноят маҳкум шудабошад - аз мақомоти давлатй, судҳо, адлия, прокуратура, адвокатура дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбй барои вайрон кардани савганди касбй, содир намудани кирдорҳои хусусияти коррупсиони дошта аз вазифа озод карда шуда бошад

- дар асоси сархати чоруми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 29-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятй озод шудабошад.

  1. Қарор дар бораи додани мақоми адвокатро Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссияи тахассусй) баъди аз ҷониби шахси довталаб супоридани имтиҳони тахассусй барои соҳибшудан ба мақоми адвокат қабул менамояд.
  2. Ба собиқаи корй аз рўи ихтисоси ҳуқуқшиносй, ки барои соҳибшудан ба мақоми адвокат зарур аст, кор дар мансабҳои зерин дохил мешавад:

- ба сифати судя, прокурор ва муфаттиш;

- мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатй ва хизмати давлатй, ки доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро талаб мекунанд;

- дар вазифаҳои хадамоти ҳуқуқии ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро талаб мекунанд;

- дар вазифахои муассиса іоиилмҳ-таіѕиѕотҳ, ки доштани таҳсилоти олии ҳуҳуқшиносиро талаб мекунанд;

- ба сифати омўзгори фанҳои ҳуқуқшиносй дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбй ва пас аз таҳсилоти олии касбй;

- басифати адвокат;

- басифати ёрдамчии адвокат.

  1. Адвокат ҳуқуқ дорад бе иҷозати иловагй фаъолияти адвокатиро дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалй намояд.

 

 

КОМИССИЯИ ТАХАССУСЙ

Дар асоси моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатй» дар назди Вазорати адлия Комиссияи тахассусй таъсис дода шудааст.

Комиссияи тахассусй масъалаи соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва қатъ намудани он, инчунин гузаронидани аттестатсияи адвокатҳо ҳал менамояд.

Комиссияи тахассусй ба мўҳлати ду сол дар ҳайати 9 нафар аъзо бо чунин меъёри намояндагй таъсис дода мешавад:

- ду намоянда аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- як намоянда аз Созмони Судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-панҷ намоянда аз Иттифоқи адвокатҳо, ки онҳоро Анҷумани адвокатҳо интихоб менамояд;

- як намояндаи дорои унвони илмии соҳа ҳуқуқшиносй, ки аз тарафи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Раиси Комиссияи тахассусй яке аз муовинони вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи тақсимоти вазифаҳо мебошад. Муовини раиси Комиссияи тахассусй аз хисоби намояндагони адвокатҳо, котиби масъул аз ҳисоби аъзои комиссия дар ҷаласаи Комиссияи тахассусй интихоб карда мешавад. Ҳангоми иштирок надоштани раиси Комиссияи тахассусй дар ҷаласа, ваколати ў ба зиммаи муовини раиси Комиссияи тахассусй мегузарад.

 

ИҶОЗАТ ДОДАН БА ИМТИҲОНИ ТАХАССУСЙ

Тибқи талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатй»:
  1. Шахсе, ки ба талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 12 Қонуни мазкур ҷавобгў мебошад, хуқуқ дорад ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо оид ба соҳибшудан ба мақоми адвокат бо ариза муроҷиат намояд.
  2. Довталаб ба ғайр аз ариза ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – тарҷумаи ҳол;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатй ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи кории ў ҳамчун ҳуқуқшинос;

- нусхаи ҳуҷҷати таҳсилоти олии ҳуқуқшиносй;

- маълумотнома дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятй кашида шудан ва маҳкум гардидан

  1. Пешниҳод кардани маълумоти носаҳеҳ метавонад боиси рад кардани қабули ҳуҷатҳои довталаб гардад.
  2. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар муддати то як моҳ санҷиши саҳеҳй ва дурустии ҳуҷҷатҳо ва маълумотеро, ки аз ҷониби довталаб пешниҳод карда шудаанд, мегузаронад. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ҳуқуқ дорад аз мақомоти давлатй ва ташкилотҳои дахлдор оид ба тасдиқ кардани саҳеҳй ва дурустии ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешниҳод кардаи довталаб дархост намояд. Мақомоти давлатй ва ташкилотҳои мазкур ўҳдадоранд, ки дар мўҳлати на дертар аз 15 рўз аз лаҳзаи гирифтани дархост ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо аз натиҷаҳои санҷиши ҳуҷҷатҳо маълумот пешниҳод намоянд.
  3. Баъд аз анҷомисанҷиш мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо доир ба ирсол намудани дархостй ҷиҳати иштироки довталаб дар имтиҳони тахассусй дар Комиссияи тахассусй ё оид ба рад намудани қабули ҳуҷҷатҳо ба довталаб ҷавоби хаттй медиҳад.
  4. Қабули ҳуҷҷатҳо метавонад танҳо бо асосҳои дар Конуни мазкур пешбини гардида рад карда шавад. Дар ин хусус қарори дахлдор қабул карда мешавад. Нисбати қарори мақомоти минтақавии Иттифоқиа двокатҳо оид ба рад намудани қабули ҳуҷҷатҳо дар мўҳлати як моҳ аз рўзи гирифтани нусхаи қарори мазкур ба Иттифоқи адвокатҳо ё ба суд дар мўҳлат ва бо тартиби муқаррар намудаи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.

 

ИМТИҲОНИ ТАХАССУСЙ
  1. Комиссияи тахассусй дар мўҳлати ду моҳ аз рўзи гирифтани пешниҳоди мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо аз довталаб имтиҳони тахассусй қабул мекунад.
  2. Имтиҳони тахассусй аз ҷавобҳои хаттй ба саволҳо ва мусоҳибаи шифоҳй иборат мебошад.
  3. Номгўи саволҳо барои имтиҳони тахассусй, тартиби супоридани имтиҳони тахассусй ва баҳогузории дониши довталабон аз ҷониби Комиссияи тахассусй таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
  4. Довталабе, ки имтиҳони тахассусиро насупоридааст, барои такроран супоридани имтиҳони тахассусй пас аз гузаштани на камтар аз шаш моҳ роҳдода мешавад.
 
ДОДАНИ МАҚОМИ АДВОКАТ
  1. Комиссияи тахассусй ба довталабе, ки имтиҳони тахассусиро бомуваффақият супоридааст, дар давоми панҷ рўз қарор дар хусуси ба ў додани мақоми адвокатро медиҳад.
  2. Комиссияи тахассусй ҳуқуқ надорад ба довталабе, ки бомуваффақият имтиҳони тахассусиро супоридааст, додани мақоми адвокатро рад кунад, ба истиснои мавридҳое, ки баъд аз супоридани имтиҳони тахассусй ҳолатҳо ошкор гарданд, ки барои соҳиб шудан ба мақоми адвокат монеъ мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо нисбати қарор оид ба рад кардани додани мақоми адвокат ба суд шикоят кардан мумкинаст.

Баъди қабул гардидани қарор дар бораи додани мақоми адвокат Комиссияи тахассусй дар мўҳлати се рўз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси қабули ин қарор огоҳ месозад. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 3 рўз маълумотро дар бораи адвокат ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо ворид менамояд.

 

 

ШАКЛҲОИ ТАШКИЛИИ ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТЙ
  1. Шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатй мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатй»кабинети адвокатй, маслиҳатхонаи ҳуқуқй, коллегияи адвокатй ва бюрои адвокатй мебошанд.
  2. Адвокат хуқуқ дорад мустақилона шакли ташкилй ва ҷойи амалигардонии фаъолияти адвокатиро интихоб намояд.
  3. Бақайдгирии шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатй тибқи Қонуни мазкур аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он амалй карда мешавад. Дар хусуси шакли ташкилии интихоб намуда ва макони фаъолияти адвокатй адвокат ўҳдадор аст дар мўҳлати даҳ рўз аз бақайдгирии давлатй ба таври хаттй мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро огоҳ намояд.
  4. Ташкилотҳои адвокатҳо дорои суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо дар бонкҳо, бланкҳо, мўҳр ва тамҷабономи худ мебошанд.

 

 

МАҚОМОТҲОИ МИНТАҚАВИИ ИТТИФОҚИ АДВОКАТҲОИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

Ному насаб

 

Вазифа

 

Телефон

1.

Мирзовалиён Х.

Раиси мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар    

шаҳри Душанбе

93 575 75 03

2.

Махмудов З.

Раиси мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар    

Шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурй

90 798 72 12

3.

Саидов С.

Раиси мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар    

Вилояти Суғд

92 601 76 34

4.

Хайдаров А.

Раиси мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар    

Вилояти Хатлон

93 995 07 77

5.

 

Чоршанбиев М.А.

Раиси мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар    

ВМКБ

93 547 54 45

 

Бақайдгирии шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатй тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатй»ва Тартиби пешбурди фехристи ягонаи ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 августи соли 2015, №549 қабул карда шудааст.

Айни замон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он дар ҷумҳурй 187 кабинети адвокатй, 23 маслиҳатхонаи ҳуқуқй ва 18 коллегияи адвокатй бақайд гирифта шудааст.

ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ АДВОКАТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

САВОЛХОИ ИМТИХОНИ ШИФОҲЙ
МЕЪЕРҲОИ ҲУҚУҚИ ДАР БОРАИ АДВОКАТУРА

  1. Мафҳуми адвокатура. Қонунгузорӣ дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокати.
  2. Мафҳуми «адвокат»  ва «фаъолияти адвокатй».
  3. Принсипхои фаъолияти адвокати.
  4. Намудҳои ёрии ҳуқуқие, ки адвокат мерасонад.
  5. Дар кадом холат адвокат хукук  надорад супориш оид ба расонидани ёрии хукукиро кабул намояд.
  6. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои адвокат.
  7. Сири адвокатӣ.
  8. Ки хукуки сохиб шудан ба макоми адвокатиро дорад.
  9. Комиссияи тахассуси ба мўхлати чанд сол ва дар хайати чанд нафар аъзо таъсис дода мешавад.
  10. Карорхои кабулнамудаи Комиссияи тахассуси чи гуна ба расмият дароварда мешаванд.
  11. Аз болои карори Комиссияи тахассуси ба кучо шикоят кардан мумкин аст.
  12. Карор дар хусуси ба адвокат додани макоми адвокати аз лахзаи бомувафакият супоридани имтихони тахассуси дар кадом мухлат дода мешавад.
  13. Савганди адвокат.
  14. Макоми адвокати дар кадом холатхо боз дошта мешавад.
  15. Макоми адвокати аз чониби ки ва тибки кадом асосхо катъ карда мешавад.
  16. Кафолати мустақилияти адвокат.
  17. Шаклхои ташкилии фаъолияти адвокати.
  18. Махдудиятхои таъсис додани ташкилоти адвокати.
  19. Созишнома дар бораи расонидани ёрии хукуки.
  20. Расонидани ёрӣ ҳуқуқии ройгон.
  21. Оинномаи Иттифоки адвокатхо
  22. Анчумани адвокатхо.
  23. Ваколатхои Анчумани адвокатхо.
  24. Раёсати Иттифоки адвокатхо.
  25. Ваколатхои Раёсати Иттифоки адвокатхо.
  26. Макомоти минтакавии Иттифоки адвокатхо.
  27. Кодекси одоби касбии адвокат.

 

Махорати адвокати 

  1. Истехсолоти адвокати чи тавр тартиб дода мешавад?
  2. Тартиб додани дархостхо оиди талаб карда гирифтани далелхо.
  3. Тартиб додани аризахои даъвоги ва шикоятхо.
  4. Тартиби кабули мизочон.
  5. Бо шахсоне, ки нисбаташон шиканча раво дода шудааст, чи тавр сухбат гузаронида мешавад (тарзи сухбат бо чабрдидае, ки нистабаш шиканча раво дида шудааст)?
  6. Баромади адвокат дар музокираи суди.
  7. Андозаи боҷи давлатӣ оид ба парвандаҳое, ки дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.
  8. Андозаи боҷи давлатӣ оид ба парвандаҳое, ки дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси мешаванд.
  9. Имтиёзҳои пардохтани боҷҳои давлатӣ.

 

Донистани компютер

  1. Васоити мубодилаи иттилоотро номбар кунед.
  2. Интернет чист?
  3. Почтаи электрониро (e-mail) дар Интернет чй хел месозанд?
  4. Клавиатураи компютер чист?
  5. Қисмҳои асосии компютерро номбар кунед.
  6. Дар ҳолати нест намудани парванда ё файли қайдшуда бо кадом амал он дар парвандаи «Корзина» ҷойгир намешавад?
  7. Менюи асосии Windows бо пахши кадом тугма зер кушода мешавад?
  8. Комбинатсияи тугмаҳои клавиатура барои пўшидани барномаи Windows чи гуна аст?
  9. Тарзи бо муш қайд (сиёҳ) намудани қисми ҳуҷҷат чи гуна аст?
  10. Барои қайд (сиёҳ) намудани ҳамаи ҳуҷҷат чи бояд кард:
  11. Барои ба ҷои лозимй гузоштани нусхаи дар «Буфер обмена» ҷойгирбуда ичро кадом амал лозим аст?
  12. Барои дар барномаи Word ё Excel як ифодаро ба дигар ифода иваз намудан кадом амалро иҷро менамоянд?
  13. Комбинатсияи [Ctrl]+[Backspace] чй вазифаро иҷро менамояд?
  14. Ҷадвали электронй чи гуна аст?
  15. Равзанаи MS Excel аз равзанаи MS Word чй фарқ дорад?
  16. Комбинатсияи [Ctrl]+[ Delete] чй вазифаро иҷро менамояд?
  17. Вазифаи сканер.
  18. UPS (Uninterruptible Power System) барои чй лозим аст?
  19. Ҳукумати электронй чист?
  20. Барои ба шабакаи Интернет пайвастани компютер чй корҳоро иҷро кардан зарур аст?

 

Конститутсия, мукаддасоти милли, таърих ва фарханг

  1. Раъйпурсии оиди қабули Қонуни асосй (конститутсия)   кай гузаронида шуд?
  2. Конститутсияи ҶТ аз чанд боб ва модда иборат аст?
  3. Ҷумхурии Тоҷикистон чи гуна давлат аст?
  4. Чанд тағйироту иловахо ба Конститутсияи ҶТ ворид карда шуд?
  5. Ба Конститутсия бо кадом рох тағйироту иловахо ворид кардан мумкин аст?
  6. Райъпурсиро ки таъин мекунад?
  7. Дар кадом моддаи Конститутсияи ҶТ оиди ёрии хуқукӣ ва фаъолияти адвокатура қайд карда шудааст?
  8. Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал ки амалй мегардонад?  
  9. Дар кадом ҳолат ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандро маҳдуд кардан мумкин аст?
  10. Оё санади меъёрии ҳуқуқие, ки ҷавобгариро пурзур мекунад, қувваи бозгашт дорад?
  11. Мақомоти олии намояндагй ва қонунгузор дар ҷумҳурй кадом аст?
  12. Ки метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад?
  13. Кафолати ҳифзи судй-ро маънидод намоед.
  14. Бо кадом санадҳои меъёри ҳуқуқй ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳифз мегарданд?
  15. Тибқи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи шаҳрвандон иҷрои кадом вазифаҳо вогузор карда шудааст?
  16. Дар кадом ҳолат вазъияти фавқуллода эълон мегардад?
  17. Дахлнопазирии ҳудуди Тоҷикистон-ро маънидод намоед.
  18. Дахлнопазирии манзили шахс гуфта чиро мефахмед.
  19. Ҳуқуқи инсон ба зиндагй чист?
  20. Ҳокимияти давлатй ба чанд шоха таҷзия мегардад?
  21. Аз кадом маврид қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, амал мекунанд?
  22. Кадом намуди санадҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд?
  23. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорй дорад? 
  24. Судя метавонад вазифаи дигареро иҷро намояд?
  25. Ҳукумати ҷумҳурй аз киҳо иборат аст?
  26. Рамзхои давлатӣ кадомхоянд?
  27. Тасвири нишони давлатии ҶТ.
  28. Низомнома дар бораи Нишони давлатии ҶТ кай тасдиқ карда шудааст?
  29. Тасвири парчам-ро баен намоед.
  30. Низомнома дар бораи парчами давлатии ҶТ кай тасдиқ карда шудааст
  31. Конуни ҶТ дар бораи суруди миллии ҶТ кай кабул карда шудааст?
  32. Суруди миллии Ҷумхурии Тоҷикистон кай ҷорӣ карда шудааст?
  33. Низомнома дар бораи суруди миллии ҶТ кай тасдиқ карда шудааст
  34. Кадом театрхои касбии Тоҷикистонро медонед?
  35. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсй амал мекундад?
  36. Кадом намуди таълим ҳатмист?
  37. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно мекунад ё не?
  38. Исмоили Сомонй кадом солҳо ба сифати сардори давлат ҳукмронй кардааст?
  39. Олимони забардасти охири асри Х-ибтидои асри ХI-ро номбар кунед?
  40. Шўриши Восеъ кай ва дар куҷо ба амал омадааст?
  41. Ҷумҳурии Худмухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон кай ташкил ёфтааст?
  42. Вилояти худмухтори Кўҳистони Бадахшон кай ба ҳайати Ҷумҳурии Худмухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон дохил гардидааст?
  43. Аввалин поезд кай ба Душанбе омадааст?
  44. Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии (ҶШС) Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии иттифоқй аз кай ва то кадом давра ба ҳайати  СССР дохил мешуд?
  45. Тоҷикистон кай давлати соҳибистиқлол эълон гардид?
  46. Республикаи автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон кай ташкил ёфт?
  47. РСС Тоҷикистон кадом сол ташкил ёфтааст?
  48. Сохибихтиёрии худро эълон кардани Тоҷикистон.
  49. Кадом сол Шўрои Олии Ҷумхурии Точикистон "Дар бораи эълони мустақилияти давлатии ЧТ" қарор қабул намудааст?
  50. Аввалин маротиба рузи истиклолият кай қайд карда шудааст?
  51. Форуми якуми тоҷикони ҷаҳон кай ва дар куҷо баргузор гардидааст?
  52. Иҷлосияи (сессияи) таърихии XVI-и Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва дар куҷо доир гардид?
  53. Дар Иҷлосияи (сессияи) таърихии XVI-и Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом масъалахо дида баромада шудаанд?
  54. «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллй дар Тоҷикистон» байни Президенти Чумҳурии Тоҷикистон – Э. Ш. Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳодияи оппозисиони  тоҷик – С. А. Нурй кай ва дар куҷо ба имзо расидааст?
  55. СММ бо дастгирй аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмон кадом солҳоро Даҳсолаи амалиёти «Об - барои ҳаёт» эълон кард?
  56. Дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон (аз 15.04.2009) ҳадафҳои стратегии кишварамонро номбар кунед?
  57. Дар давраи истиқлолияти  Тоҷикистон кадом нақбҳо бунёд ёфтаанд? (Истиқлол ва Шар-шар).

 

Забони давлати ва хоричи

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи забон» кай кабул шудааст?
  2. Забони давлатии Тоҷикистон-ро медонед?
  3. Забони мурофиави гуфта чиро мефахмед?
  4. Коргузори дар ЧТ бо кадом забон бурда мешавад?
  5. Забони муоширати байни миллатхо кадом забон аст?
  6. Забони хоричиро медонед е не?
  7. Сертификат барои омухтани забони хоричи доред е не?

 

Илова кунед: