Асосҳои ҳуқуқии фаъолият
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006, № 587
тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 176, аз 2.07.2008 № 319,
аз 28.07.2009 № 449, аз 30.04.2011 № 245, аз 1.07.2011 № 343,
аз 12.12.2011 № 626, аз 06.09.2012 № 481, аз 31.03.2014 № 234,
аз 28.11.2015 № 704, аз 28.11.2015 № 738, аз 3.06.2016 № 252)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорат) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлат ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқи, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, дигар соҳаҳои адлияе, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2016 № 252).
2. Вазорат фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои системаи худро роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат менамояд.
3. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома ба роҳ мемонад.
4. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2016 № 252).Муфассал