Наша страна избрала путь строительства правового общества, одной из главных идей которой является обеспечение верховенства закона и защиты прав и свобод человека и граждан.

Эмомали Рахмон

Руководство

Шоҳмурод Рустам 3 майи соли 1965 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Маълумоташ олӣ, соли 1989 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Номзади илми ҳуқуқ.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 ба сифати ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои прокурори шуъбаи назорати баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ дар судҳои Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат, прокурори Раёсати назорати умумии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1993 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои Сардори шуъбаи корҳои ҳуқуқӣ дар хоҷагии халқ, Сардори Раёсати қонунгузорӣ ва солҳои 1999-2009 муовин ва сипас Муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2009-2012 Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Муаллифи як қатор асарҳои илмӣ буда, дорои рутбаи тахассуси Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2 мебошад.

Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени Шараф дараҷаи II, медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

 

Холиқзода Абдуманон Ғаффор - муовини якуми Вазири адлия

Аз ноябри соли 2012 дар мансаби муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 21 августи соли 1961

Ҷои таваллуд шаҳри Курғонтеппа

Миллат тоҷик

Таҳсилот олӣ

Соли 1985 Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон-ро (рӯзона) хатм кардааст.

Ихтисос ҳуқуқшинос

Бо ордени «Шараф» дараҷаи 2-юм соли 2011 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.07.2011 таҳти №1092, сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби шаш фарзанд.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1978-1979 - Колхозчии колхози Ленингради ноҳияи Вахш

Солҳои 1979-1980 - Шунавандаи курси тайёри факултаи ҳуқуқшинос ДДТ

Солҳои 1980-1985 - Донишҷӯи факултаи хуқуқшиноси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шаҳри Душанбе

Солҳои 1985-1991 - Ёрдамчии прокурори ноҳияи Ҷилиқул

Солҳои 1991-1993 - Пурокурори Шӯъбаи тафтишоти прокуратураи Вилояти Қурғонтеппа

Солҳои 1993(01-03) - Муовини Сардори Раёсати тафтишотии Прокуратураи вилояти Хатлон

Солҳои 1993-1995 - Прокурори нохияи Куйбешови вилояти Қурғонтеппа

Солҳои 1995 (05-11) - Мушовири калони Кумитаи конунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, Муовини Раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Раиси Кумитаи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи инсон.

Солҳои 1995-2000 - Муовини раиси Кумитаи оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, шаҳри Душанбе.

Солҳои 2000-2005 - Муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон.

Солхои 2005-2009 - Муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Точикистон оид ба тартиби хукуки мудофиа ва амният.

Солҳои 2009-2012 - Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ноябри соли 2012  - Муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мирсайзод Ҳаким Саид - муовини Вазири адлия

Аз ноябри соли 2012 дар мансаби муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 1 январи соли 1958

Ҷои таваллуд ноҳияи Восеъ

Миллат тоҷик

Таҳсилот олӣ

Соли 1984 Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос ҳуқуқшинос

Номзади илмҳои ҳуқуқ, моҳи марти соли 2015 рисолаи номзадиро бо мавзӯъи «МУШКИЛОТИ МУНОСИБАТҲОИ ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН ДАР ҲУҚУҚИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ХУСУСӢ» дар назди Комиссияи олии тахассусии Федератсияи Россия ҳимоя намудааст.

Аз соли 1997 то инҷониб дар баробари кори асосӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ низ машғул буда, солҳои 1997-2001 муаллим, баъдан муаллими калонӣ Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ва солҳои 2001-2006 муаллими Университети гуманитарии Россия-Тоҷикистон шуда кор кардааст. Айни замон устоди Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Чумҳурии Тоҷикистон низ мебошад.

Муаллифи зиёда аз 20 адад мақолаҳои илмӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи гражданӣ (шаҳрвандӣ), ҳукукӣ байналхалқии хусусӣ ва ҳуқуқи оилавӣ буда, асарҳояш бо номҳои «Истеҳсолоти иҷро дар Чумҳурии Тоҷикистон», «Ташкили истеҳсолоти иҷро дар низоми   Вазорати адлияи Чумҳурии Тоҷикистон» (Дар ҳаммуаллифи бо Раҳмонзода У.Н.) ва «Проблемы взаимоотношений родителей и детей в межденародном частном праве» ба нашр расидаанд.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1975-1976 - Колхозчии колхози «Комунизм» ноҳияи Восеъ

Солҳои 1976-1978 - Хизмат дар Кувваҳои мусаллаҳи ИРСС Ҷумҳурии Олмон

Солҳои 1978-1980 - Колхозчии колхози «Комунизм» ноҳияи Восеъ

Солҳои 1980-1983 - Котиби комитети комсомоли колхози «Комунизм» ноҳияи Восеъ

Солҳои 1983-1988 - Иструктор, мудири қисм, мудири шӯъбаи Комунисти комсомоли вилояти Кулоб

Солҳои 1988-1990 - Иструктори Комитети ҳизби комунисти шаҳри Кулоб

Солҳои 1990-1993 - Мутахассиси пешбар, оид ба корҳои ҳуқуқи Комисарияати Шурои вакилони халқи вилояти Кулоб

Солҳои 1993-1996 - Мутахассиси пешбар Сармутахассиси Муовини мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқи дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Солҳои 1996-1999 - Мутахассиси пешбар Сармутахассиси Идораи адлияи вилояти Хатлон

Солҳои 1999-2000 - Ҳуқуқшиноси Идораи хоҷагии комунали вилояти Хатлон

Солхои 2000-2001 - Мудири Шӯъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Солҳои 2001-2006 - Сардори Идораи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон

Солҳои 2006-2007 - Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Солҳои 2006-2008 - Мудири Шӯъбаи ташкили Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2008-2012 - Мудири Шӯъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ноябри соли 2012  -  Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардони шуда, дорои рутбаи тахассусии «Мушовири давлатии дараҷаи 3» мебошад.

Нодирӣ Шаҳноза Анвар - муовини Вазири адлия

Аз ноябри соли 2009 дар мансаби муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 16 июни соли 1973

Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе

Миллат тоҷик

Таҳсилот олӣ

Соли 1995 Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон-ро (рӯзона) хатм кардааст.

Ихтисос ҳуқуқшинос. Номзади илми ҳуқуқшиносӣ

Бо медали ҷашни «20» солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.07.2011 таҳти №1092, сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 1995-1997     Мушовири    Шӯъбаи    робитаҳои    байналхалқии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 1997 (01-06) - Мутахассиси  пешбари     Шӯъбаи  судҳои  ҳарбии Раёсати    судҳои     Вазорати     адлияи    Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 1997 (06-06) - Мутахассиси      пешбари      Шӯъбаи      робитаҳои байналхалқии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1997-2004 - Сардори Раёсати робитаҳои байналхалкию-хукукии мухофизати    манфиатҳои    иқтисодии    Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2004-2007 - Муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2007-2009 - Сардори Раёсати  равобити байналмилалии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ноябри соли 2009 то ҳол - Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Поделиться в